22 Май 2017
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода машварати кории масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, соҳибкорон, роҳбарони сохторҳои минтақаи истироҳатӣ, нуқтаҳои тиҷоратӣ ва хўроки умумӣ баргузор гардид. Дар машварат масоили корҳои ободонӣ, маданияти шаҳрдорӣ ва хуррамгардонии маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода оид ба масъалаи тақвияти корҳои созандагӣ ва букнёдкорӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки шаҳри Гулистон яке аз марказҳои асосии туристии вилояту ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, махсусан дар давраи тобистон ташрифи теъдоди зиёди меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ бо мақсади истироҳат, табобат ва фароғат меафзояд. Вобаста ба ин, бояд тамоми сохтору мақомоти дахлдори марбут ба хизматрасонӣ фаъолияти худро дар ин давра бештару беҳтар роҳандозӣ намуда, корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ доир ба баланд бардоштани маданияти шаҳрдории шаҳрвандон тақвият пазирад.
Ҳамзамон тозаву хуррам нигоҳ доштани ҳолати санитарӣ-гигиении маҳалҳо, таъмини бехатарӣ дар минтақаҳои истироҳатӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии нуқтаҳои савдо ва хўрокворӣ, бозорҳо, осоишгоҳҳо, ҷойҳои оббозӣ ва амсоли ин ба сатҳ ва сифати табобату фароғати ҳамагон мусоидат хоҳад намуд. Дар ин замина Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода оид ба густариши масъулияти масъулин дар муаррифии шоистаи шаҳри туристӣ таъкид намуда, роҳбарону сарварони иншооти дахлдор ва масъулини соҳаҳоро вазифагузорӣ намуд.