Матни равон

Дар толори хурди  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо ҷавонони фаъоли соҳаҳои хоҷагии халқ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр, иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни суханронии худ тазаккур дод, ки Тоҷикистон аз қабили  кишварҳоест, ки дар як давраи начандон зиёди баъди ба даст овардани Истиқлолияти комил дар арсаи байналмилалӣ обрўву эътибор пайдо карда, мавқеи  хешро муайян намудааст. Дар шароити имрўзаи зиндагӣ назди мо вазифаҳое истодаанд, ки иҷро намудани онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти калонеро доро мебошад. Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси  ватандўстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти  арзӣ ва манфиатҳои  умумимиллӣ ташкил  медиҳад.

Имрўз ҷавонони солиму нерўманду ватандўст  бо ғайрату муҳаббати дучанд, бо дарки масъулият ба сари кор меоянд, ба иҷрои масъулиятноктарин вазифаҳо сафарбар мешаванд. Дастгирии ҷавонони  лаёқатманду  фаъол яке аз масъалаҳои  асосии  татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.  Маҳз барои ҳамин дар шаҳр идрорпулиҳои Раиси шаҳри Гулистон ва кумиҷроияи шаҳрии  ХХДТ  ташкил   ёфтааст ва дар асоси озмун ҳамасола ғолибон муайян карда мешавад. Соли равон ба 25 нафар хонандагони МТМУ идрорпулии Раиси шаҳр ва ба 15 нафар идрорпулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ муқаррар  шудааст. Беҳтарин хонандагони шаҳр аз муассисаи таълимии № 1-и маркази шаҳр Толибоев Носир ва Камолова Рухсора аз муассисаи таълимии № 14 ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор мебошанд. Дар баробари таҳсили  хубу  аъло  самти рушди  тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии ҷавонони  шаҳр  бо  қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Дар Соли ҷавонон масъалаи сохтмон ва таъмири иншооти варзишӣ, аз қабили майдонҳои варзишӣ ва фароғатӣ барои кўдакону наврасон дар маҳаллаҳо, таъмири  капиталии толорҳои варзишии муассисаҳои таълимӣ, муҷаҳҳазгардонии толорҳо бо  таҷҳизоти варзишӣ, ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои дастгирии молиявии варзишгарон ва иштирок дар мусобиқаҳои мухталиф гувоҳи иқдомҳои неки пешгирифтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳр мебошад.

Дар поёни мулоқот Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба 41 нафар ҷавонони пешоҳангони соҳаҳои хоҷагии халқ Сипосномаи МИҲД-и шаҳр ва туҳфаҳои арзишманд, ба 25 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимӣ стипендияи Раиси шаҳрро дар ҳаҷми ба ҳар кадом 250 сомонӣ ва ба 17 нафар иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ гувоҳномаҳоро дар вазъи тантанавӣ супорид.





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2151
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18498
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52097
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7694017

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?