Матни равон

Дар майдони назди Хонаи маданияти «Дӯстӣ»-и шаҳраки Адрасмон тантанаҳои идона бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода адрасмониёнро бо ин ҷашни фархунда муборакбод нгамуда, зикр дошт, ки расидан ба сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии мо мебошад. Дар бораи аҳамияти ин падида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр дақиқ иброз доштанд, ки Созишномаи  сулҳ бо арзиши  бузурги худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Раванди сулҳофарӣ дар кишвар ва 20 соли татбиқи бомуваффақияти андешаи Ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки дар расидан ба сулҳ ва рушди босуботи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ ва таъйинкунанда доранд. Тамоми дастовардҳое, ки мардуми ҷумҳурӣ дар марҳилаи ҳозира бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, аз мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста мебошанд, зеро ваҳдату субот роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини зиндагии шоиста ва ободонии кишвар мебошанд.

 

Дар охир санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи марғуби консертиро таҳти унвони «Офтоби ваҳдати мо поянда бод!» манзури сокинони шаҳрак намуданд.

Таҷлили бошукӯҳи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҷамоати шаҳракҳои Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Сирдарё ва Навгарзан низ ба вуқӯъ пайваста, дар онҳо масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба сокинони шаҳракҳо манзур намуда, барномаҳои ҷолиби консертӣ барои сокинон пешкаш карда шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1005
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1125
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3441
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11760
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:23222
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8299323

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?