Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори Рӯзи кормандони сӯхторнишонӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо иштироки ҷомеаи меҳнатии Қисми Мустақили 37-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ҷаласа доир гардид.

Раиси шаҳр роҷеъ ба таърихи ташаккул ва рушди ин ниҳод дар мамлакат сухан ронда, аз ҷумла зикр дошт, ки зиндагии имрӯза барҳақ тасдиқ мекунад, ки кормандони мақомоти хадамоти оташнишонӣ корномаи бемисли падарон, бародарон ва рафиқони хешро идома дода, ҳоло ҳам намунаи олии мардонагӣ, шуҷоат, маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дар роҳи иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошта ғайрату матонат зоҳир месозанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон минбаъд низ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар иншооти хоҷагии халқ, минтақаҳои аҳолинишин ва хонаҳои шахсӣ, ташкилоту муассисаҳо ва монанди ин таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, баҳри иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷидду ҷаҳд менамояд. Раиси шаҳр, ҳамзамон кормандони Қисми Мустақили 37-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳрро бо иди касбиашон таҳният намуда, барояшон офияту муваффақият таманно намуд.

Дар интиҳо дар вазъи тантанавӣ ба кормандони сӯхторнишонӣ ва собиқадорони ин ниҳод Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:367
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12780
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91167
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631012

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?