14 Сентябр 2017
Бегоҳии рўзи 9-уми сентябри соли 2017 дар майдони Қасри маданияти “Кўҳкан”-и шаҳрак тантанаҳои шаҳрии Иди муқаддаси Истиқлол бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхона, муассиса, ташкилотҳои шаҳр ва сокинони сершумори шаҳрак доир гардид.
Дар тўйхонаи “Муҳаммадӣ”-и шаҳрак барои беш аз 200 нафар собиқадорони меҳнат, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ятимону маъюбон, пирони танҳо ва қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ дасторхони идона густурда шуда, беш аз 10 нафар барҷомондагон аёдат карда шуданд. Ҳамзамон, бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Гулистон ба беш аз 35 нафар собиқадорони меҳнат туҳфаҳо ва маводҳои ғизоӣ дода шуданд.
Дар майдони Қасри маданият Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба сухан баромада ҳамагонро бо таҷлили ҷашни ҳумоюни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуд. Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба сокинони шаҳри Гулистон манзур кард.
Дар охир барномаи марғуби бадеӣ-мусиқии таҳти унвони “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби мо” манзури ҳозирин гардид.