14 Сентябр 2017
Мутобиқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон гурӯҳи таблиғотӣ дар ҳайати раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода, Солеҳ Завқизода – директори маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадуллоев Зубайдулло–мудири бахши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайтметов Ҳусейн–устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои психологӣ, Шарипов Шавкат–устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои таърих, сардори шуъбаи гулистонии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҳакимов Хаёл, прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи якум Абдуллозода Абдулло, раиси суди шаҳри Гулистон Ёдгорзода Наргис, сардори ШВКД шаҳри Гулистон Мирзозода Хуршед, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Шарипов Манучеҳр ҷиҳати тавзеҳ, тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» силсилаи вохӯриву мулоқотро бо сокинон, ҷавонон ва намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳои азими саноатӣ доир намуд.
Дар давоми рӯзҳои 11-15-уми сентябри соли 2017 гурӯҳи корӣ бо фаъолони маркази шаҳр, ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Сирдарё, ҷомеаи меҳнатии КМ «Апрелевка», ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», Шабакаҳои барқи Суғд, ШСКТХ, ҶСШК «КНФЛ», осоишгоҳи «Баҳористон», коллеҷи тиббӣ ва намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонону бонувон мулоқотҳои самимӣ ва пурмазмун доир намуданд. Гурӯҳи корӣ дар баромадҳои худ перомуни тағйиру иловаҳои воридгардида ибрози андеша намуда, зикр намуданд, ки воқеан татбиқи амалии муқаррароти Қонуни мазкур дар тӯли марҳилаи сипаришуда як қатор дастоварду беҳбудиҳо ва камбудию норасоиҳоро дар риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ошкор кард. Дар тӯли 10 сол мардуми фарҳангсолор ва меҳнатдӯсти тоҷик пайрави қонунмеҳварӣ будани худро собит намуда, дар масъалаи тағйир додани мазмуну муҳтавои зиндагӣ ва қолабҳои шахшудаи хурофотӣ гардиши куллӣ ба вуҷуд оварданд. Тағйиру иловаҳои дар қонун пешниҳодшуда мутобиқати комил бо муқаррароти фарҳанги миллӣ ва қоидаҳои динию мазҳабии мо доранд ва ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои мардум таҳия шудаанд. Чунин шеваи ватанпарастӣ ва изҳори ғамхории бепоён ба миллати худ аз истеъдоди худододи роҳбарӣ ва сиёсати мардумсолории Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқотҳо беш аз 35 нафар сокинони шаҳр миннатдории худро аз ташрифи гурӯҳи корӣ изҳор намуда, барои оростани суҳбати пурмуҳтаво баён карданд. Омодагии хешро баҳри татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рушду нимӯи кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азиз иброз доштанд.