Матни равон

Дар Боғи “24-солагии Истиқлолият”  Рӯзи шаҳр бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкитлот, идораву муассисаҳо, сокинон, меҳмонони сершумор ботантана таҷлил карда шуд. Дар шафати Боғ намоиши шавқангези дорбозони истаравшанӣ  ба гулистониён манзур гардида, дастпарварони мактабҳои мусиқӣ ва рассомии бахши фарҳанг бошад ҳунару маҳорати хешро дар навозиши асбобҳои мусиқӣ ва расмкашӣ ба иштирокдорони чорабинии идона дар гулгаштҳои боғ пешкаш намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни табрикоти гулистониён ба муносибати рӯзи шаҳр зикр намуд, ки пас аз таҷлили бошукӯҳи Иди бузурги миллиамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ таҷлили рӯзи шаҳрамон, ки дар даврони соҳибистиқлолият ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид, идомаи мантиқии шукӯҳу ҷалол ва шаҳомати Истиқлолият мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ теъдоди корхонаҳои саноатии шаҳр аз 13 адад ба 30-то расида, номгӯи маҳсулотҳои истеҳсолӣ аз 13 номгӯй ба 82 номгӯй баробар шудааст. Агар 26 сол муқаддам корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми сол ба маблағи қариб 9 миллион сомонӣ маҳсулотҳои саноатӣ ва ниёзи мардум истеҳсол намуда бошанд, пас алъон ин нишондиҳанда дар охири соли 2016-ум ба 2,1 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса 238 маротиба зиёд шудааст.

 

Агар соли 2000-ум музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр 32,4 сомониро ташкил дода бошад, имрӯз он ба 2525 сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса 78 маротиба зиёд гардида, музди маоши миёна дар ҳудуди шаҳр бошад 64 маротиба боло рафтааст. Алҳол корхонаҳои шаҳри Гулистон бо 22 мамолики дунё иртиботи ҳамкории судманд дошта, танҳо дар нимсолаи соли равон гардиши савдои хориҷӣ дар маҷмӯъ беш аз 2,1 миллиард сомониро ташкил додааст.

Дар оини шаҳрдорӣ низ дар даврони истиқлолият дигаргуниҳои кулли ба вуқӯъ пайваста, шаҳр ба яке аз боғшаҳрҳои Тоҷикистони маҳбуб мубаддал гардида, имрӯз бо ҷидду ҷадали ҳар як сокини шаҳр он ба гулистони ҳақиқӣ табдил ёфтааст.

Намояндаи Ҳукумати ҷумҳури директори маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳ Завқизода тазаккур дод, ки Гулистон – яке аз марказҳои азими саноатӣ ва туристии кишвар маҳсуб ёфта, дар даврони Истиқлолият тарҳ ва симои худро шаклан ва мазмунан дигаргун намудааст. Мавсуф гулистониёнро бо Рӯзи шаҳр муборак намуд.

Дар интиҳо ба ҳозирин барномаи марғуби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ва ҳунармандони номӣ таҳти унвони “Гулистон-боғшаҳри Тоҷикистони соҳибистиқлол” манзур гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3489
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10911
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89298
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7629143

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?