Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Забон ҳамсафари доимии ҷамъияти инсонӣ мебошад. Аз ин рў, тамоми дигаргуниҳои ҷомеа дар забон инъикос меёбад. Масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо арзёбӣ намудаанд.

Ҳанўз 22-юми июли соли 1989 дар ҷаласаи Шўрои Олӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта буд. Ин иқдом пеш аз ҳама, ба таҳкими давлатдорӣ ва посдории эҳтироми гузаштагони фарҳангшиносии мо равона гашта, аз ҷониби кулли мардуми кишвар бо мамнуният пазируфта шуд. Бо мурури вақт, бо дарназардошти тақозои замон зарурияти дохил намудани тағйиру иловаҳо ба он ба миён омаданд, ки Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5-уми октябри соли 2009 қабул гардид. Ва инак, ҳар сол санаи 5-уми октябр ҳамчун Рўзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Забони тоҷикӣ хеле қадиму пурғановат ва аҳамияти оламшумул дорад. Тавассути ин забон чӣ дар гузашта ва чӣ дар рўзгори мо ҳазорон олимону адибони бузург асарҳои ҷовидонӣ эҷод карда, дар саҳифаҳои таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ нақши худро гузоштаанд. Хусусан, дар замони зимомдории Сомониён забони тоҷикӣ мақоми хоссаеро соҳиб гашт ва бар тахти оҷ нишонда шуд. Шоистаи зикр, ки баъд аз барҳам хўрдани давлати Сомониён дар тўли чандин аср, сарфи назар аз он ки халқи тоҷик тобеи шоҳону хонҳо, амирони ғайритоҷик буд, забони тоҷикӣ бо вуҷуди кашмакашҳои хунини давр мавқеи давлатии худро нигоҳ дошт. Яъне, дар замони ҳукмронии сулолаҳои гуногуни давлатдорон, аз қабили Ғазнавиён, Сулҷуқиён, Чингизиён, Темуриён, Аштархониён, Манғитиён тамоми муомилаву муносибати дохиливу хориҷии давлат, дипломатия, ҳуҷҷатнигорӣ тавассути забони тоҷикӣ сурат мегирифт. Таърих гувоҳ аст, ки амирони туркнаҷоди сулолаи манғит, аз ҷумла амири охирини ин сулола Амир Олимхон худро тоҷик гуфта, ба равнақи забони тоҷикӣ мусоидат кардаанд.

Забон низ аз барўмандтарин муқаддасоти миллат буда, онро баробари Ватану Модар эҳтиром бояд кунем. Вобаста ба ин, Истиқлолияти давлатӣ, Забон, Модар, Ватан, Фарҳанг ва тамаддуни кўҳанбунёди халқҳо мебошанд, ки моро ба сўи Ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамун месозанд. Аз ин рў, ҳар кадоми онҳо барои мо аз муқаддасоти инсонӣ ва имонӣ ба шумор мераванд.

Бо самимият ҳамагонро бо Рўзи забони давлатӣ муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва комёбиву пирўзиҳо таманно менамоям.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:181
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1643
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5439
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10882
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:35450
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57969
mod_vvisit_counterҲамагӣ:601802

Мо дар Фейсбук