Матни равон

Буҷет

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2017 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 93,2 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 119,5 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.

Дар натиҷа ба буҷет 15 миллиону 234,0 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 27,9 миллион сомонӣ ё 113,4 фоиз ба иҷро расонида шуда, зиёда аз нақша 3,3 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд.

Танҳо ба ду соҳаҳои асосӣ - маориф ва тандурустӣ 18,5 миллион сомонӣ ё 67,8% маблағи буҷет равона гардид. Пардохти музди маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бо пуррагӣ таъмин гардид.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷот 28 миллиону 812 ҳазору 61 сомонӣ иҷро гашт, ки баробар ба 101,3% мебошад.

Хизматрасониҳо

Дар нуҳ моҳи соли 2017 ҳаҷми гардиши фурўши моли чакана 36 миллиону 502,4 ҳазор сомонӣ мебошад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,5%-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давраи соли 2016-ум ҳаҷми гардиши фурўши моли чакана 33 миллиону 326,4 ҳазор сомониро ташкил медод.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 51 миллиону 859,4 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум (50 миллиону 543,7 ҳазор сомонӣ) ба маблағи 1 миллиону 315,7 ҳазор сомонӣ зиёд, яъне ба 102,6% баробар мебошад.

Саноат

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2017 ба маблағи 2 миллиарду 528 миллиону 639 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 118,7 фоизро ташкил дод ва ин нишондиҳанда ба маблағи 397,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 36,6 фоизроташкил дод.

Дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2017 нақшаи дурнамои ҷамъи корхонаҳои саноатии шаҳр 137,5% ва уҳдадории корхонаҳо 112,1% таъмин карда шудаанд.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар ин давра бо 21 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дошта, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 165 миллиону 050,96 ҳазор доллари ИМА, воридот бошад 53 миллиону 959,36 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Содирот аз воридот дар ин давра 3,1 маротиба зиёд шудааст. Дар маҷмўъ гардиши савдои хориҷӣ 219 миллиону 010,32 ҳазор доллари ИМА-роташкил медиҳад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2475
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14655
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48254
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690174

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?