25 Октябр 2017
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар 43 корхонаву ташкилот, ҷамоати шаҳракҳо ва идораву муассисаҳо Рўзи ягонаи ахбор дар мавзўи “Конститутсия - кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон” баргузор гардид.
Тарғиботчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Карим Шариф – мудири шуъбаи умумӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи Раиси вилоят, Мавлуда Шарифова – сардори намояндагии ҷамъияти “Дониш”-и ҷумҳурӣ дар вилоят ва Мирзотоҳир Набиев – мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят оид ба таърих, арзиш ва мақоми Конститутсия суханронӣ намуданд. Дар ҷамоати шаҳракҳо маҳфили сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ роҳандозӣ гардид.