10 Декабр 2019
Дар бораи даъвати иҷлосияи 21-уми (ғайринавбатии)
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019, №1380 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
- Иҷлосияи 21-уми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум 11 декабри соли 2019, соати 09:00 даъват карда шавад.
- Ба баррасии иҷлосияи 21-уми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шавад:
2.1. Дар бораи таъин намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум;
2.2. Дар бораи тасдиқи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум;
2.3. Оид ба ташкили комиссияи шаҳрии интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум. - Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳр, муовини Раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр гузошта шавад.
Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода