Матни равон

Раёсати молия дар шаҳри Гулистон дар семоҳаи якуми соли 2019 бо мақсади пурра ба буҷет ворид намудани даромадҳо бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, маблағгузории саривақтии хароҷоти аввалиндараҷаю зарурӣ, назорати доимии мақсадноку самаранок хароҷот намудани маблағҳо аз тарафи истифодабарандагони маблағҳои буҷетӣ ва назорати риояи интизоми молиявӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ, қисми даромади Буҷети давлатии шаҳри Гулистон дар ҳаҷми умумӣ барои семоҳаи якуми соли 2019 нақша бо тағироташ ба миқдори 38 896 000,0 сомонӣ буда, амалан бошад ба миқдори 39 397 100,0 сомонӣ маблағ ба Буҷети давлатӣ ворид гардид, ки 101,3 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, ё ин ки аз нақша ба маблағи  501 100,0 сомонӣ  маблағ зиёд ба Буҷети давлатӣ ворид гардид.

Нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум (33 061 092,0 сомонӣ) дар муқоиса 6 336 008,0 сомонӣ маблағ зиёд ворид шудааст, ки 119,1 фоизро ташкил медиҳад.

Аз 11 намуди манбаҳои даромади ба нақша гирифта шуда, иҷрои нақшаи 2 намуди манбаи даромад (соли қаблӣ 4 намуд) таъмин нагардид, ки ин андози даромад аз шахсони воқеӣ 76,4 фоиз (-1 245 671,0 сомонӣ) ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 77,2 фоиз (-1 021 692,0 сомонӣ) мебошад.

Маблағи умумии вориднагардида -2 267 746,0 сомонӣ буда, нисбати нақшаи умумӣ 5,8 фоизро ташкил медиҳад.

Сабаби иҷро нагардидани нақшаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард дар он мебошад, ки мувофиқи ҳисоботҳои омори музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр ба санаи 1-уми апрели соли ҷорӣ ба 2548,5 сомонӣ баробар шуда, аз ҳамин давраи соли гузашта 181,2 сомонӣ кам, ё ки 93,4 фоиз мебошад. Ин нишондиҳанда танҳо аз ҳисоби ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» 218,1 сомонӣ кам гардидааст. Шумораи миёнаи  коргаронаш бошад дар давраи ҳисоботӣ 1927 нафарро ташкил дода нисбати ҳамин давраи соли гузашта 63 нафар кам, ҶМ «Апрелевка» 836 нафарро ташкил карда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 76 нафар кам шудааст.

Аз 28 корхонаҳои саноатӣ, ҳафт корхонаҳои саноатӣ шаҳр дар семоҳаи якум аз накша, истеҳсоли маҳсулоти худро таъмин карда натавонистанд, ки инҳо ҶСК “Комбинати корхонаҳои истеҳсолӣ” - 86,7 фоиз, ҶМ «Апрелевка» - 78,0 фоиз, ҶСК «Равшан» - 81,5 фоиз, ҶДММ «ШСКТХ» -99,3 фоиз, ҶДММ «Хубон» - 2,0 фоиз, ҶДММ «Чархи гандумин» - 61,4 фоиз ва ҶДММ «Файз 777» - 91,5 фоизро ташкил медиҳад, ки ба маблағи 19,9 миллион сомонӣ истеҳсоли маҳсулот кам шудааст. Инчунин 4 корхонаҳо ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» бо сабаби паст рафтани нархи маҳсулоти истеҳсолиаш, ҶДММ «Абадӣ» бо сабаби барҳам додашуда, ҶСП «Сидней Хуҷанд» ва ҶДММ «Манфиат» бо сабаби мавсимӣ будани намуди фаъолият дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ фаъолияти истеҳсолӣ набурдаанд.

Ба ғайр аз ин бақияи маҳсулоти таӣёри дар амбор будаи корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳолати 1-уми апрели соли ҷорӣ ба маблағи 66 миллион 475,3 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин ҳам бошад ба иҷрои нақша таъсири манфии расонид.

Қисми даромади Буҷети маҳаллӣ дар ҳаҷми умумӣ барои семоҳаи якуми соли 2019  нақша бо тағqироташ 10 629 740,0 сомонӣ буда, амалан бошад ба миқдори 11 366 989,0 сомонӣ маблағ ба Буҷети маҳаллӣ ворид карда шуд, ки ин 106,9 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, ё ин ки аз нақша ба миқдори  737 249,0 сомонӣ маблағ зиёд ба Буҷетӣ маҳаллӣ ворид гардид.

МАЪЛУМОТ

оид ба иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Гулистон

дар  семоҳаи якуми соли 2019

Ҷадвали 1                                                               (бо сомонӣ)

Номгӯи андозупардохтҳо

Нақша бо тағйироташ

Иҷро

Фоизи иҷро

1

Андози даромад аз шахсони воқеӣ

1363340

1071824

78,6

2

Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ

5208390

5396200

103,6

3

Андоз аз молу мулки ғайриманқул

1130000

1308219

115,8

4

Андоз аз арзиши иловашуда

1190530

1641200

137,9

5

Андози тибқи низоми соддакардашуда

986200

1010351

102,4

6

Аксизҳо

154000

335750

218,0

7

Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт

331920

333059

100,3

8

Андозҳо барои захираҳои табиӣ

56600

58096

102,6

9

Боҷи давлатӣ

153760

157053

102,1

10

Даромадҳои ғайриандозии маҳаллӣ

55000

55238

100,4

Ҷамъи даромадҳо:

10629740

11366989

106,9

 

 

 

МАЪЛУМОТ

оид ба иҷрои нақшаи ҷисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри

Гулистон мувофиқи соҳаи маориф дар семоҳаи якуми соли 2019

Ҷадвалӣ 2А(бо сомонӣ)

Номгӯи хароҷот

Нақша бо тағйироташ

Иҷро

Фоизи  иҷро

Маориф

 

 

 

4.1. Маълумоти томактабӣ

729762

729186

99,92

Музди меҳнат ва маош

427818

427696

99,97

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

106598

106577

99,98

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

195346

194913

99,78

4.2. Маълумоти миёна

2713680

2712586

99,96

Музди меҳнат ва маош

2137535

2136976

99,97

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

534286

534036

99,95

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

41859

41574

99,32

4.4.Муассисаҳое, ки ба категорияи дигар шомил нестанд

401215

400508

99,82

Музди меҳнат ва маош

259687

259439

99,90

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

64883

64701

99,72

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

76645

76368

99,64

4.5. Фаъолияти дигар дар соҳаи маориф

70647

68435

96,87

Музди меҳнат ва маош

41055

41034

99,95

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

10240

10225

99,85

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

19352

17176

88,76

4. Ҳамагӣ дар соҳаи маориф

3915304

3910715

99,88

Музди меҳнат ва маош

2866095

2865145

99,97

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

716007

715539

99,93

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

333202

330031

99,05

МАЪЛУМОТ

оид ба иҷрои нақшаи ҷисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Гулистон

мувофиқи соҳаи нигоҳдории тандурустӣ дар  семоҳаи якуми соли 2019

Ҷадвалӣ 2 Б                                                                              (бо сомонӣ)

Номгӯи хароҷот

Нақша бо тағйироташ

Иҷро

Фоизи

иҷро

5.1. Беморхонаҳо

1104877

1103734

99,9

Музди меҳнат ва маош

817446

817187

99,97

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

208770

208447

99,85

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

78661

78100

99,29

5.2. Дармонгоҳҳо

688648

688169

99,93

Музди меҳнат ва маош

506026

505927

99,98

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

139664

139574

99,94

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

42958

42668

99,32

5.3. Ҳифзи сиҳатии аҳолӣ

104518

104184

99,68

Музди меҳнат ва маош

74690

74612

99,9

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

18647

18581

99,65

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

11181

10991

98,30

5.4. Фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ

Музди меҳнат ва маош

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

5. Ҳамагӣ дар соҳаи нигоҳдории тандурустӣ

1898043

1896087

99,90

Музди меҳнат ва маош

1398162

1397726

99,97

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

367081

366602

99,87

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

132800

131759

99,22

Раёсати молияи шаҳри Гулистон

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:263
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:847
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:23310
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:59761
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8269273

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?