Матни равон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шарҳи Гулистон дар ёздаҳ моҳи соли 2018 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, баҳри муайян намудани роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии шаҳр, истифодаи оқилонаи замину об ва дигар сарватҳои табиӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таҳияи нақша ва барномаҳои рушди иҷтимоии маҳал, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияту осоиштагии шаҳрвандон, беҳбудии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини кумаки тиббию санитарӣ, баланд бардоштани шароити моддию маишии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба роҳ монд.

КОРҲОИ ТАШКИЛӢ

Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон 29 қарор ва 2 фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 Амр ва 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки бо мақсади таъмин гардидани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, баҳри амалӣ гардидани онҳо нақшаи чорабиниҳо низ таҳия гардидааст.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017, қарори раиси вилояти Суғд аз 21-уми феврали соли 2018, № 51 бо мақсади тарғиби комёбиҳои солҳои истиқлолият, ташаккули ҳисси ватандорӣ, қадршиносӣ аз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ, таҳкими ваҳдати халқҳои маскуни кишвар, ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарори раиси шаҳри Гулистон аз 16-уми марти соли 2018, № 57 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, тибқи он нақшаи чорабиниҳо иборат аз 79 банд тасдиқ намудааст. Дар ин замина, алҳол дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмонӣ, хуррамгардонӣ ва бунёдкорӣ тавсеа ёфта, тибқи нақша ҷараёни бунёд, тармиму таъмир ва азнавсозии беш аз 180 иншооти ҷашнӣ босуръат идома дорад.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2018-ум 242 қарорҳои раиси шаҳр ва 133 амри раиси шаҳр ба имзо расид. Дар давраи ҳисоботӣ 3 маротиба Маҷлиси вакилони халқии шаҳр, се маротиба маҷлиси ҷамъбастии фаъолон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии хоҷагиҳои халқи шаҳри Гулистон ба вуқӯъ пайваст.

Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 873 муроҷиатҳои хаттӣ ворид гардида, 852 муроҷиатҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, ки аз ин миқдор муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон қонеъ карда шуд–305 адад, фаҳмонида шуд–361 адад, рад карда шуд-12 адад, тибқи тобеъият ирсол карда шуд-184 адад ва 21 адад мавриди баррасӣ қарор дорад.

МОЛИЯ ВА АНДОЗ

Давоми ёздаҳ моҳи соли 2018 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 131,1 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 100 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 585 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 40,5 миллион сомонӣ ё 110,7 фоиз ба иҷро расонида шуда, зиёда аз нақша 3,9 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд. Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарз ё қафомонӣ аз пардохти музди меҳнат вуҷуд надорад.

Аз ёздаҳ намуди андозҳо танҳо се намуди андоз: андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард таъмин нашуд.

Воридоти барзиёдии андозҳо ба қисми даромади буҷет имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоии шаҳр саривақт таъмин карда шаванд. Дар натиҷа нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 99,8% иҷро гардид. Танҳо ба ду соҳаҳои асосӣ - маориф ва тандурустӣ 25,6 миллион сомонӣ ё 66,9% маблағи буҷет равона гардид. Пардохти музди маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ бо пуррагӣ таъмин гардид.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷот 39 миллиону 005,5 ҳазор сомонӣ (нақша - 38 миллиону 990,2) иҷро гашт, ки баробар ба 100,0%, ё 15,3 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд мебошад.

САРМОЯГУЗОРӢ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Дар шаҳр шумораи умумии соҳибкорони хурду миёна ба ҳолати 6-уми декабри соли 2018-ум 844 нафарро (соли 2017 -833 нафар) ташкил медиҳад. Аз ҷумла – 204 нафар бо Шаҳодатнома ва 640 нафар бо Патент фаъолият мебаранд. Дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2018 - 233 нафар соҳибкорони нав ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 19 нафарашон бо Шаҳодатнома ва 214 нафарашон бо Патент фаъолият бурда истодаанд. Алҳол, дар шаҳр 231 нафар (27%) занон бо соҳибкории хурду миёна машғул мебошанд.

Дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2018 ба иқтисодиёти шаҳр 520 851 488 сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардидаанд, ки аз он 478 052 000 сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 42 799 488 сомонӣ инвеститсияҳои дохилӣ мебошад. Сармоягузории дохилӣ бошад, асосан аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”; “Осоишгоҳи Баҳористон” ба маблағи умумии 42 799 488,58 сомонӣ ворид гардидааст.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2018 ду коргоҳ ва 6 дӯкони дӯзандагӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ таъсис дода шуд.

Аз тарафи бахшҳои бонкҳои шаҳр дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2018 ба соҳибкорон барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 9 505 900 сомонӣ қарзҳо дода шудааст.

Дар давоми соли ҷорӣ як соҳибкори маҳаллӣ барои амалӣ намудани лоиҳаи «Рангубори матоъ ва рангубори адрасу атлас» гирандаи гранти раиси вилоят ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ кумаки бебозшгашт гардид.

 

РУШДИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2018 ба маблағи 3 миллиарду 209 миллиону 214 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 91,0 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 316,4 миллион сомонӣ кам мебошад. Аз ин 96,8%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,2%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба бахши соҳибкорони шаҳр мансуб аст.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 31,3 фоизро ташкил дод.

Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 95 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Бақияи маҳсулотҳои тайёри бафурӯшнарафтаи корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳолати 1-уми декабри соли 2018 маблағи 81 миллиону 846 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати 1-уми январи соли 2018 ба маблағи 23 миллиону 766 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Дар минтақаи саноатии шаҳр дар давоми соли равон 4 коргоҳи нав ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуда, барои 97 нафар ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 17-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0% то ба 7,4 маротиба барзиёд таъмин намуданд.

Дар шаҳр 7 маркази таълимӣ-касбомӯзии атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, бо 33 дастгоҳ, аз ҷумла бо 14 дастгоҳи атласу адрасбофӣ, 19 дастгоҳи қолинбофӣ ва 12 мошини дарздӯзӣ муҷаҳҳаз гардидааст. То ин дам дар ин марказҳо 470 нафар занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ҳунармандӣ ва касбу ҳунар гардидаанд. Дар марказҳо аз аввали таъсисёбӣ ва давоми ёздаҳ моҳи соли 2018-ум 21 ҳазору 800 метр адрас омода ва 55 калоба ҳамчун ашёи хоми асосӣ ранг карда шуд.

 

РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА

Дар давраи ҳисоботӣ 287,0 млн. кВТ барқ қабул шуда, фоиданок истифода гардид. Алҳол муштариёни шабакаҳои барқ дар шаҳр бо ҳисобкунакҳои индуксионӣ таъминанд. Шумораи ҳисобкунакҳои индуксионӣ дар шаҳр 2494 ададро ташкил медиҳад. Дар НБО “Дӯстии халқҳо” дар давоми марҳилаи ҳисоботӣ 662,8 млн.кВТ/соат барқ истеҳсол кардааст.

Маблағи истифодаи қувваи барқ тибқи шаҳр дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2018 ҳамагӣ: 96,6%, аз ҷумла дар байни аҳолӣ 100,1%, аз тарафи корхонаҳои саноатӣ пардохт 98,2%, ғайрисаноатӣ 95,1%, хоҷагии қишлоқ 83,3% ва буҷетӣ 69,9 % ҷамъоварӣ карда шудааст.

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Дар давом ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 18 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ ба истифода дода шуд. Корҳои бинокорию васлгарӣ дар ин давра ба маблағи 214 миллиону 278,2 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 50 миллиону 174,3 ҳазор сомонӣ кам ё 81,0 фоизро ташкил дод.

Дар ин марҳила аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 218 миллиону 148,6 ҳазор сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 50 миллион сомонӣ кам ё 75,3% мебошад.

Дар ин давра фондҳои асосӣ ба маблағи 8 миллиону 405,6 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, корҳои пудратӣ дар ин давра ба маблағи 16 миллиону 385,0 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 973,1 ҳазор сомонӣ зиёд ё 132,0%-ро ташкил дод.

РУШДИ ИНФРАСОХТОР ВА НАҚЛИЁТ

Дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 69 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд мебошад. Аз он 17 км дар маркази шаҳр ба хоҷагии манзилию коммуналӣ ва 52 км байни хоҷагиҳо ба корхонаи хоҷагии коммуналии шаҳракҳо ва корхонаҳо мутааллиқ аст. Аз ҷумла, дар шаҳракҳои Адрасмон - 23 км, Зарнисор - 9 км, Консой -11 км, Сирдарё - 3 км, Чоруқдаррон - 5 км ва Навгарзан 1 км мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 48,2 км роҳҳо таъмир карда шуданд. Аз ҷумла, 8,7 км таъмири асосӣ, 12,5 км таъмири ҷорӣ ва 27,0 км роҳҳои автомобилгарди шаҳр шағалпӯш гардид, ки 109,2 фоизи нақшаи таъмирро ташкил медиҳад. Барои иҷрои нақшаи тасдиқшуда, аз буҷети вилоятӣ ва шаҳрӣ 2 миллиону 467 ҳазору 150 сомонӣ ва аз ҷониби соҳибкорони дохилӣ ва аҳолӣ 405 ҳазор сомонӣ, аз тарафи корхонаю ташкилотҳои шаҳр 2 миллиону 182 ҳазор сомонӣ дар маҷмӯъ 5 миллиону 054 ҳазору 150 сомонӣ маблағ сарф карда шуд.

Дар ҳудуди шаҳр 7 хатсайри микроавтобус ва автобусҳои мусофиркашон мавҷуд буда, аҳолии маркази шаҳр ва шаҳракҳо аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии давлатӣ ва хусусӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра бо дастгирии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Гулистон 8 автобусҳои муосири мусофиркашон ҷудо гардида, моҳи августи соли 2018 бо хатсайри Гулистон-Хуҷанд ва Хуҷанд-Гулистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Теъдоди умумии нақлиётҳои мусофиркашонӣ ба санаи 1-уми декабри соли 2018-ум 65 микроавтобус ва 14 автобусҳои берун аз шаҳр ва дохилишаҳриро ташкил медиҳад. Барои таъмини бехатарии ҳаракат дар истгоҳи охири ҳамаи хатсайрҳо нуқтаи махсуси санҷиши техникии нақлиёт ва муоинаи тиббии кормандон ташкил карда шудааст.

Дар шаҳр то ин дам ба корхонаю ташкилотҳо ва аҳолӣ 136 адад интернети баландсуръат насб карда шуд.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2018 ба миқдори 1 ҳазору 270,9 тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ (соли 2017-1231,3тонна) кашонида шудааст, ки 39,6 тонна назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд, ё баробари 103,2% мебошад.

 

ВУСЪАТИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ

Тибқи маълумоти омории моҳҳои январ-октябри соли 2018-ум теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 10199 ададро ташкил медиҳад (соли 2017 -10299), ки нисбати ҳамин давраи соли пешин 100 ҷой кам аст. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 8531 (соли 2017-8522) нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 нафар зиёд мебошад.

Музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 1757 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 275 сомонӣ кам мебошад (соли 2017-–2032 сомонӣ). Пардохти музди меҳнати кормандони корхонаҳои буҷетӣ сари вақт таъмин шудааст.

Шумораи нафақагирон ба ҳолати 1-уми декабри соли 2018-ум 3444 нафар мебошад. Ҳаҷми миёнаи моҳонаи нафақаи нафақахӯрон 307 сомонию 48 дирамро (соли 2017 –- 279,45 сомонӣ) ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 28,03 сомонӣ зиёд шудааст. Талаботи нафақа ва кумакпулӣ дар ёздаҳ моҳи соли ҳисоботӣ 11 миллиону 648 ҳазору 668 сомониро дарбар мегирад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта (соли 2017-11279,9) 368 ҳазору 800 сомонӣ зиёд буда, бо пуррагӣ маблағгузорӣ шудааст.

Дар ин давра дар маҷмӯъ бо 97 ҷои кории нав таъсис дода шуд. Инчунин аз тарафи шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ аз аввали давраи ҳисоботӣ 1617 ҷой таъсис дода шуд, ки 480 ҷой нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд карда шудааст.

Алҳол дар шаҳр ҳамагӣ аз тарафи 21 корхонаи кордиҳанда 119 ҷойи кории холӣ ба корҷӯён пешниҳод шудааст.

Дар ин давра шумораи бекорони бақайдгирифташуда 747 нафар буда (380 нафар зан), 399 нафар бо ҷои корӣ таъмин карда шуданд (204 нафар зан). Дар ёздаҳ моҳ 13 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки дар он 166 корхонаю ташкилотҳо иштирок намуда, 848 ҷойҳои холии корӣ пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 107 нафар бекорон бо шуғл таъмин шуданд. Аз ҷумла 58 нафар бо кори доимӣ ва 49 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Дар шаҳр касбомӯзӣ бо воситаи филиали КВД Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе дар шаҳри Гулистон, КВД Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд ва Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров дар асоси шартномаҳои дутарафа ба роҳ монда мешавад. Дар ин марҳила 292 нафар бекорон ройгон аз рӯи касбу ҳунарҳои оператор, дӯзанда, муҳосиб-оператор, бофанда, кафшергари газу барқ ва адрасу атласбофӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин марҳила 897 нафарро ташкил дод, ки аз ин занҳо 131 нафар ва мардон 766 нафар мебошанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1499 нафар кам гардидааст.

МАОРИФ

Дар шаҳр 9 муассисаи таълимии томактабӣ, аз ҷумла, 8 кӯдакистони давлатӣ ва 1 кӯдакистони хусусӣ бо фарогирии 1583/797 нафар тарбиятгирандагон фаъолият мебаранд. Муассисаҳои таълимии томактабӣ бо кадрҳои роҳбарикунанда таъмин мебошанд. Шумораи мураббиён 67 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин давра шумораи кӯдакони дар навбатистода ҳамагӣ 712 нафар, аз ҷумла дар маркази шаҳр 214 нафарро ташкил медиҳад.

Дар шаҳр 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мебаранд, ки аз ин шумора 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як гимназия мебошад. Шумораи умумии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи охири чоряки якум 9392/4497 нафарро ташкил медиҳад. Тамоми хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар 397 синф тақсим карда шудаанд. 292 синфи таълимаш бо забони тоҷикӣ, 56 синфи таълимаш бо забони русӣ (дар МТМУ №1, 2, 8 ва гимназияи №1), 49 синфи таълимаш бо забони узбекӣ. (дар МТМУ №4, 5, 7, 12, 13, 15).

Мувофиқи баҳисобгирии кадрҳо дар аввали соли таҳсили 2018-2019 шумораи умумии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 664/561 нафарро ташкил дод. Аз ҷумла: бо маълумоти олӣ-520/458; олии нопурра - 80/74; -миёнаи махсус - 64/59; - Аълочиёни маориф - 31 нафар; -бо маълумоти миёна - нест.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Гулистон баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.06 №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» корбарӣ карда шуд. Аз ҷумла, аризаи 11 нафар мутахассисони ҷавон барои гирифтани қарзи имтиёзнок аз БДА Амонатбонк бо маблағи 6000 сомонӣ қонеъ карда шуда, дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон 7 нафар омӯзгорони ҷавон аз ин имтиёз истифода намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 3 нафар мутахассисон-омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаи истиқоматӣ аз ҳисоби заминҳои маркази шаҳр ҷудо карда шуд.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.17, №544 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимии шаҳр дар 5 соли охир 76 кабинетҳои фаннӣ ва 24 озмоишгоҳҳо бо лавозимоти зарурӣ ва аёниятҳо муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Солҳои 2016-2018 бо дастгирии МИҲД-и шаҳр ва ҷудо гардидани маблағҳои зарурӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр 8 кабинетҳои фаннӣ пурра бо таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Дар соли 2018 низ барои муҷаҳҳазгардонии 5 кабинетҳои фаннӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба миқдори 174 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, таҷҳизоти таълимӣ харидорӣ карда шуд.

Ҷалби хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла тавассути Маркази миллии тестӣ дар соли таҳсили 2017-2018 аз 504 нафар хатмкунандагон 355 нафарашон (70,4%) 50 нафар (8,8%) ба донишгоҳҳои ИДМ, 13 нафар тариқи квотаи президентӣ (2,6%), 3 нафар ба донишгоҳҳои қудратӣ (0,6%) дар маҷмӯъ 82,3 фоиз мебошад.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо се воҳиди корӣ ва 2 утоқҳои алоҳида ва таҷҳизотҳои ёрирасон таъмин гардида, асосан маблағгузории он аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар назди марказҳои илмӣ-амалии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди муассисаҳои таълимии шаҳр бо таъсиси 20 номгӯй, ҳамагӣ 84 маҳфилҳо ташкил карда шуда, зиёда аз 1054 нафар хонандагони фаъолу пешқадам ҷалб карда шудаанд.

Дар давоми 11 моҳи соли 2018 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмиллалӣ ва озмуни “Академияи хурди илмҳо” иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Аз ҷумла, як нафар сазовори ҷойи якум, як нафар сазовори ҷойи сеюм, ҳарду аз фанни биология (дар байни хонандагони синфҳои 5-8) гардида, 4 нафар сазовори ҷойҳои дуюму сеюм аз фанҳои забони русӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар олимпиадаи вилоятӣ (дар байни хонандагони синфҳои 11) шуданд. Дар даври ҷумҳуриявӣ чор нафар иштирок намуда, ду нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва як медали биринҷӣ гардиданд.

Баҳри иҷрои «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар муассиҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр таҷҳизонидани синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ бо таҷҳизотҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва рафти иҷрои Барномаи мазкур корҳо вусъат ёфта истодаанд. Дар ин давра аз ҳисоби суратҳисоби гимназияи №1 ва МТМУ №4-и шаҳраки Адрасмон 2 ноутбук харидорӣ карда шудааст. Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия бо 10 компютер, 3 принтер, 1 сканер, 1 видеокамераи ҳозиразамон, 1 вебкамера, 1 тахтаи электронӣ ва як проектор таҷҳизонида шудааст. Соли ҷорӣ дар назорати Марказ дар маҷмӯъ 593 компютер қарор дорад.

Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр сари вақт бо либосҳои мактабӣ таъмин карда шуда, нақша ба пуррагӣ иҷро шуд. Бояд қайд намуд, ки бо мақсади дастгирии оилаҳои камбизоат, кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои эҳтиёҷманд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 219 ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ харидорӣ карда шуда, ройгон дастрас карда шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ семинари методӣ ва дастурдиҳӣ дар МТМУ №1 оид ба амалигардонии самтҳои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ташкил ва гузаронида шуд. Айни замон дар 15 муассисаҳои таълимии шаҳр 76 кабинетҳои фаннӣ ва 24 озмоишгоҳҳо бо лавозимоти зарурӣ ва айёниятҳо муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар соли равон 5 кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин карда шуданд.

Баҳри бештар ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон ва беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии онҳо як зумра корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла: 7 нафар омӯзгорони ҷавон аз қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 6000 сомонӣ аз БДА Амонатбонк бархурдор гардиданд. Дар давоми давраи ҳисоботӣ 3 нафар соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гаштанд.

Дар ин давра, дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ беш аз 35 маротиба рейдҳои муштарак ҷиҳати риояи талаботи тартиби дохилимактабӣ, либоси ягона, омодагӣ ба мактаб, пешгирии бекору оворагардиҳо ва ҷалб нагардидани наврасон ба ҳар гуна марказҳои дилхушиву бозиҳои гуногуни компютерӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар натиҷаи рейдҳои муштарак муайян гардид, ки дар муассисаҳои таълимӣ хонандагон ва омӯзгорон дар бар намудани либоси ягонаро риоя менамоянд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр ҳамкории муовинони корҳои тарбиявии муассисаҳо бо волидайн зич ба роҳ монда шуда, мунтазам аз тарафи омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо падару модарон оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷаласаву суҳбатҳои инфиродиву умумӣ гузаронида шудаанд.

Бояд қайд кард, ки дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2018 беш аз 55 маротиба вохӯриву суҳбатҳо бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷиноятсодиркунӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ–экстремистӣ аз тарафи кормандани прокуратураи вилоят, прокуратураи шаҳр, шуъбаи маориф ва намояндаҳои кор бо ноболиғон дар шаҳр ва 35 маротиба рейди муштарак оид ба риояи либоси ягонаи мактабӣ, мӯйи сари баланд, риши дароз, сатрпӯшон ва дарсгурез бо ҳамкории намояндагони ШВКД-и шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

 

ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

Дар шаҳр 24 муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла 6 беморхона, 7 маркази саломатӣ, 3 хонаи саломатӣ, 1 маркази ташхисиву табобатӣ, 1 маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ, 1 умури безараргардонӣ, 3 осоишгоҳ, 1 маркази солимгардонии “Усмонҷон” ва 1 маркази тиббии хусусӣ, 6 Марказҳои махсусгардонидашуда (Маркази пешгирии бемориҳои сил, Маркази пешгирии вируси норасоии масунияти одам, Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва Маркази эмгузаронӣ) ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Теъдоди табибон ба санаи 1-уми январи соли 2018 - 105 нафар буда, дар давраи ҳисоботӣ 6 нафар ба кор қабул ва 7 нафар бо хохиши худ аз кор озод карда шудаанд, аз он 29 нафар дар сохтори госпиталӣ, 47 - нафар дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 10 нафар дар Маркази назорати давлатии санитарии эпидемиологии шаҳр, як нафар дар маркази тибби хусусӣ ва 17 нафар дар осоишгоҳҳо фаъолият мебаранд, ки дар давраи ҳисоботӣ теъдоди табибон 104 нафарро ташкил медиҳад. Кормандони миёнаи тиб бошад ба санаи 1-уми январи соли 2018 – 319 нафар буда, дар давраи хисоботӣ 18 нафар кормандони миёнаи тиб ба кор қабул ва 8 нафар бо хоҳиши худ аз кор озод шуданд. Теъдоди кормандони миёнаи тиб дар давраи ҳисоботӣ 329 нафар, аз он 131 нафар дар сохтори госпиталӣ, 134 нафар дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 1 нафар дар тибби хусусӣ, 12 нафар дар Маркази назорати давлатии санитарии эпидемиологии шаҳр ва 51 нафар дар осоишгоҳҳо адои вазифа менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ 21 нафар беморони гирифтори бемории сил бори аввал ба қайд гирифта шудаанд, ки аз инҳо 9 нафар сили микробхориҷкунанда мебошад, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2017 – 3 адад кам ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз 645 нафар алоқамандон аз ташхиси флюорографӣ ба таври ройгон гузаронида шудаанд, ки аз онҳо беморон дарёфт нагардид. Ба таҳлили ДОТС 105 мавод балғам ворид гардид, ки аз онҳо 36 нафар назоратӣ ва 69 нафар ташхисӣ гузаронида шуда, 3 нафар бемор дарёфт гардид. Дар таҳти назорати диспансерӣ бемориҳои сил 79 нафар беморон қарор доранд, ки аз онҳо 7 нафар шомил ба гурӯҳи маъюбӣ мебошанд. Фавт аз бемории сил 1 нафар ба қайд гирифта шудааст. Дар 11 моҳи соли равон 2295 нафар аз ташхиси флюрографӣ гузаштанд, ки аз онҳо 9 нафар беморон дарёфт шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр ҳамагӣ 737 нафар беморони осебдида муроҷиат карданд. Дар ҷои аввал осеби нақлиётӣ, дар ҷои дувум осеби маишӣ ва осеби меҳнатӣ мебошад.

Бемороне, ки дар натиҷаи газидан ё харошидани ҳайвонот дар 11 моҳи соли равон муроҷиат карданд, ҳамагӣ 46 нафар мебошанд.

Шумораи умумии гирифторони бемории ВНМО – 109 нафар; фавтидагон – 46 нафар; шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда 63 нафар мебошад.

Дар 5 соли охир дар муассисаҳои тандурустии шаҳр ҳамагӣ 13 нафар мутахассисони ҷавони дорои маълумоти олии тиббии гуногунсоҳа ба кор қабул карда шуданд, ки 6 нафари онҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо хонаҳои истиқоматии хизматӣ ва 2 нафар кормандони миёнаи тиб бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 793 нафар зинда таваллуд ба қайд гирифта шуда, валодат аз никоҳи хешутаборӣ 43 нафар, ки нисбати соли гузашта 11 нафар кам мебошад, ё ин ки 5,4 %-ро аз шумораи умумии зиндатаваллудшудагон, дар байни инҳо нуқсонҳои модарзодӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 1072 нафар занҳои ҳомила ба қайд гирифта шуда, 987 нафар таҳти назорати комили то таваллуд фарогирифта шуданд, ки нишондоди фарогирии занҳои ҳомила таҳти назорати комили то таваллуд ба 92% баробар шуд.

Ободикунонии хуҷраҳои Маркази саломатии шаҳр, яъне системаи ягонаи гармидиҳӣ ва таъмири Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдошудаи норасоии масунияти одам дар шаҳр ба маблағи 700000 сомонӣ ба итмом расонида шуда истодааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббии шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Гулистон дар 11 моҳи соли 2018 таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 96 ҳазору 637 сомонӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар шаҳри Гулистон ҳоло маъюбони гурӯҳи I – 77 нафар, гурӯҳи II – 396 нафар, гурӯҳи III – 116 нафар ва маъюбони то 18-сола 143 нафарро ташкил медиҳанд, ки ба онҳо ҳар моҳ нафақа пардохт шуда истодааст.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2008, №379 “Дар бораи тақвияти кумакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат” 10 маротиба комиссияи шаҳрӣ гузаронида шуда, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дархости комиссия барои моҳҳои январ-феврал ба 997 оила 67197,8 сомонӣ, барои моҳҳои март-апрел ба 1014 оила 34171,8 сомонӣ, барои моҳҳои май-июн ба 1014 оила 34171,8 сомонӣ, барои моҳҳои июл-август ба 1006 оила 33902,20 сомонӣ ва барои моҳҳои сентябр-октябр ба 1014 оила 33632,60 сомонӣ ва дар маҷмӯъ барои 10 моҳ 203076,20 маблағ ворид гардида, мақсаднок истифода бурда шуд.

Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилал, Рӯзи кӯдакон, Иди Рамазон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи маъюбон, Иди Қурбон, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 5226 оила аз зумраи пирони барҷомонда, шахсони яккаву танҳо, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, ба маблағи 651207 сомонӣ маводи хӯрокворӣ ҳамчун кумак расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 52 нафар аз ҷониби РАДСИН ба 43 нафар ба маблағи 43000 сомонӣ, аз ҷониби МИҲД ба 9 нафар ба маблағи 9000 сомонӣ ҷамъ ба маблағи 52000 сомонӣ дафнпулӣ пардохт гардида, ба 232 нафар шаҳрвандони камбизоат барои гирифтани ёрии тиббии ройгон дар марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо маълумотнома дода шуд.

Бо тавсияи комиссияи шаҳрӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ дар асоси қарорҳои Раиси шаҳр ба 57 нафар шахсони ниёзманд ба маблағи 16843 сомонӣ ёрии молиявӣ расонида шуд.

Дар ин давра қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр қабул гардида, аз аввали сол ба 49 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳимоягарони сохти конститутсионӣ, оилаҳои бесаробонмондаи дар ҷангҳо ҳалокшуда, иштирокчиёни садамаи Чернобил ба маблағи аз 60 (шаст) сомонӣ то 80 (ҳаштод) сомонӣ кумакпулӣ муқаррар гардида, ҳар моҳ пардохт карда шуда истодааст. Ҳоло аз шумораи зикргардида 5 нафарашон дар ин давра фавтида шумораи онҳо 45 нафарро ташкил медиҳад. Маблағи пардохти кумакпулӣ дар давраи соли 2018 38400 сомониро ташкил медиҳад.

 

ФАРҲАНГ

Дар шаҳри Гулистон 27 муассисаҳои фарҳангӣ ба мардум хизмат расониданд. Аз ин 10 китобхонаи оммавӣ, Кохи фарҳангии Истиқлол, 7 муассисаи клубӣ, 4 мактаби мусиқии бачагона, мактаби рассомӣ, осорхонаи шаҳрӣ мебошад. Дар назди бахши фарҳанг ансамбли “Фалак” ва дастаи ҳунарӣ-рақсии “Сафина” фаъолият мебарад. Инчунин 3 боғи фарҳангиву фароғатӣ ба аҳолии шаҳр хизмат мерасонад.

Баҳри баланд бардоштани маънавиёт, маърифат ва савияи дониши хонандагон дар муассисаҳои фарҳангӣ дар давоми ёздаҳ моҳ 20 мизҳои мудаввар, 62 суҳбат-вохӯриҳо, 57 шабҳои адабӣ, 61 шаби мусиқӣ, 8 намоиши театрикунонидашуда, 68 намоиши китобӣ, 44 консерти дастаи ҳаваскорон, 8 озмунҳо, 11 семинари омӯзишӣ, 7 конференсия бо иштироки шахсони барӯманд, фаъолон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва шоирону нависандагон чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил карда шуд. Дар маҷмӯъ дар давоми ёздаҳ моҳ беш аз 450 чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардиданд.

 

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ КОММУНАЛӢ

Қитъаи обтаъминкунӣ ва корезии шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон ба маблағи 1 миллиону 205 ҳазору 396 сомонӣ хизмат расонид. Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода бурдани оби нӯшокӣ дар ёздаҳ моҳ 515 ҳисобченкунакҳои обӣ пайваст карда шуд. Шумораи умумии муштариён дар ҳолати 1-уми октябри соли 2018-ум 5120 нафарро ташкил медиҳад. Барои амалӣ гардонидани «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2006, №514 қабул гардидааст, барои беҳтар намудани ҳолати таъминоти оби нӯшокӣ 4 насосҳои обкашии зеризаминӣ таъмир карда шуд. Инчунин се адад насосои обкашии нав васл карда шуда, се чоҳҳои амудӣ аз таъмир бароварда шуданд. Бо ин мақсад аз буҷети маҳаллӣ зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ барои харидорӣ намудани муҳаррики дастгоҳи обкашии 800 кВт, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ, хокаи хлор ва таъмири чоҳҳои амудӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Муштариёни хонаҳои истиқоматии шаҳр ба хатти нави оби нӯшокӣ пайваст карда шуда, таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар як шабонарӯз аз 20 то 24 соат мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Гулистон лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» бо дастгирии Бонки Аврупогии Рушд ва Таҷдид бо маблағҳои умумии кредитӣ ва грантии 2 387 156 доллари ИМА амалӣ гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар самти «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Гулистон» корҳои хобонидани 12 384 метр қубурҳои полиэтиленӣ ва мумфаршкунии роҳи автомобилгард ба анҷом расид. Инчунин дар самти «Барқарорсозии чоҳ, истгоҳи насосии кӯтали 2-юм ва технологияи коммуникатсионӣ, сехи хлоркунӣ дар шаҳри Гулистон» корҳо ба анҷом расонида шуд.

Дар ин давра корхонаҳои коммуналии шаҳр ба маблағи 7 миллиону 576 ҳазору 191 сомонӣ корҳои хизматрасониро ба анҷом расонид.

Дар соҳаи коммуналии шаҳр 197 нафар корманд фаъолият дорад, ки музди миёнаи маоши моҳона 705 сомониро ташкил медиҳад.

Дар кӯчаҳои асосии шаҳру шаҳракҳо 32 симчӯбҳо бо лентаҳои диодии замонавӣ оро дода шуд. Инчунин 190 булӯлҳои чароғҳои равшанидиҳандаи нав, 36 таҷҳизоти дроселии чароғҳои равшанидиҳанда ва 33 чароғакҳои дохили фаввора иваз карда шуданд. Инчунин 38 хонаҳои баландошёша рангубор гардиданд.

Давоми ёздаҳ моҳи соли равон дар кӯчаи Мухин ва Суғдиёни маркази шаҳр 1639 метр ҷуйбори нав сохта шуда, 228 метр девори сангини муҳофизатӣ гузошта шуд. Дар кӯчаҳои маркази шаҳр 1200 метри мураббаъ деворчаҳои муҳофизатӣ ва 1540 метри мураббаъ роҳрави пиёдагардон сафолакпӯш карда шуданд. Инчунин даромади шаҳраки Сирдарё аз нав таҷдид гардида, роҳрави пиёдагардон ба масоҳати 350 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуданд. Кӯчаи асосии ҳудуди маркази шаҳр бо пуррагӣ гулзор, кабудизор ва таҷҳизоти ороишию парчаммонакҳо ва шиору овезаҳо иваз гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 36 маротиба шанбегиҳо бо иштироки зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандон гузаронида шуд.

Дар тамоми ҷамоати шаҳракҳо ва маркази шаҳр 7 нуқтаҳои ҷамъоварӣ ва супоридани лампаҳои симобдор фаъолият мекунанд. Ин нуқтаҳо бо контейнерҳои махсус муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз аҳолӣ дар маҷмӯъ 3795 дона лампаҳои симобдор қабул карда шудааст.

ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

Теъдоди ҷавонон дар ҳудуди шаҳр 14 ҳазору 365 нафарро ташкил медиҳад, ки он 32,5 фоизи аҳолиро дар бар мегирад.

Дар маҷлиси вакилони халқи шаҳр 6 нафар ҷавонон ва 9 нафар бонувони лаёқатманд намояндагӣ мекунанд, ки мутаносибан 25,7 ва 17,1 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар сатҳи кадрҳои роҳбарикунанда 31 нафар духтарону бонувон фаро гирифта шудаанд. Аз ҳисоби ҷавонон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 34 нафар кору фаъолият менамоянд. Дар вазифаҳои хизмати давлатии 32 нафар ҷавонон фаъолият доранд, ки 40 фоизро аз теъдоди умуми ташкил медиҳад.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2018 аз ҷониби шуъбаву бахшҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалб намудан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, коллеҷи тиббӣ, гимназия 48 маротиба вохӯриҳо гузаронида шуд, ки дар он 5225 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шудаанд.

Дар ҳудуди шаҳр алҳол 1 мактаби варзишӣ, 45 майдончаҳои варзишӣ, 6 ҳавзҳои шиноварӣ, 9 варзишгоҳҳо, 25 толорҳои варзишӣ амал мекунанд.

Инчунин, дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо маҳфили “Варзиш” амал мекунад, ки дар он 296 нафар хонандагон фаро гирифта шуда, 49 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд.

Дар маҷмӯъ 874 нафар ҷавонону наврасон машқу тамрин менамоянд ва аз он 124 нафар духтарон фарогир мебошанд.

Варзишгарони шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳ мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, барои гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, дар 20 мусобиқаҳои дохилимактабӣ – 710 медал, дар 17 мусобиқаҳои шаҳрӣ бо гирифтани 528 медал, дар 12 мусобиқаҳои вилоятӣ бо гирифтани 47 медал, дар 1 Чемпионати ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 46 медал, дар 1 чемпионати Осиё бо гирифтани 1 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд, ки аз онҳо 500 медали тилло, 443 медали нуқра ва 465 медали биринҷӣ мебошад.

Давоми ёздаҳ моҳи соли равон дар мусобиқаҳои гуногун сатҳи варзишӣ 4541 варзишгарони шаҳр иштирок намуданд.

 

РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ

Дар шаҳр дар як вақт имконияти қабул намудани 1984 истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар осоишгоҳҳои Баҳористон, Шифо, урдугоҳи Шоҳин, марказҳои солимгардонии Усмонҷон, Соҳил ва меҳмонхонаҳо мавҷуд аст.

Дар ёздаҳ моҳ 3764 меҳмонони хориҷӣ ва 22796 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳҳо, урдугоҳ ва марказҳои солимгардонии шаҳр ташриф оварданд. Дар маҷмӯъ давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 26560 нафар истироҳат намуданд. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 32 миллиону 912,0 ҳазор сомонӣ ташкил дод, ки аз он 4 миллиону 508,9 ҳазор сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.

Дар соҳаи туризм зиёда аз 391 нафар бо корӣ доимӣ таъмин шуда, музди миёнаи маоши онҳо 1485 сомониро ташкил медиҳад.

Дар шаҳр чор меҳмонхонаҳо, аз ҷумла Соҳил, Наврӯз-2000, Далер-777 ва Маркази таълимии «Бонки миллии Тоҷикистон» дар шаҳри Гулистон фаъолият мебаранд, ки имконияти дар як вақт қабул намудани 206 нафар меҳмононро доро мебошанд. Инчунин дар меҳмонхонаҳои шаҳр расман 975 меҳмонони хориҷӣ ва 4900 нафар ватанӣ ба қайд гирифта шуданд, ки дар маҷмӯъ 5875 меҳмонони ватанию хориҷӣ қабул намуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми умумии хизматрасонӣ аз ҳисоби меҳмонон 454,6 ҳазор сомонӣ ташкил дода, ки аз он 18,6 ҳазор сомонӣ ба меҳмонони хориҷӣ рост меояд. Ҳиссаи туризм дар хизматрасониҳои пулакӣ бошад 43,7% баробар мебошад.

 

КОР БО ЗАНОН

Дар шаҳр 47 600 нафар аҳолӣ сукунат дошта, 23 356 ё 49,8 дарсади аҳолиро занон ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар соҳаҳои асосии хоҷгии халқи шаҳрамон 60 фоизи кормандонро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 87,6 фисад, дар соҳаи тандурустӣ 81 дарсад, хизматчиёни давлатӣ 49 фоиз, соҳибкорон 25 фисад, дар соҳаи фарҳанг 54 дарсад бонувон фаолият мебаранд.

Масъалаи баробарии гендерӣ дар марази таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад. Аз 35 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 10 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, 12,5 фоизро дарбар мегирад. Аз 95 нафар вакилони ҷамоатҳо 38 нафаршон занон мебошад, ки 9,3 фоизро дарбар мегирад.

Шумораи занони роҳбар бошад, беш аз 50 нафар буда, 37 дарсади роҳбаронро ташкил медиҳад. Дар шаҳр 1 нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 10 нафар занон вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва 17 нафар занон вакилони Маҷлиси ҷамоати шаҳракҳо интихоб шуданд ва ин нишондод нисбати даъвати гузашта 15 фоиз афзӯдааст. Қобили тазаккур аст, ки Раиси шаҳр ва Раиси суд бонувон буда, 2 нафар роҳбари бонк ва 2 нафар раисони ҷамоати шаҳракҳо аз ҳисоби занон мебошанд. Дар шаҳр 47% фоизи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро бонувон ташкил медиҳанд. Ҳоло 202 назар занон ба соҳибкории хурду миёна машғуланд. Дар ин давра 192 нафар занону духтарон ба касбу кори гуногун ба кор қабул карда шуданд.

Аълон, 355 нафар донишҷӯдухтарон аз шаҳри Гулистон дар донишкадаву донишгоҳҳои олиии кишвар таҳсил менамоянд. Боиси қайд аст, ки аз 17 нафари донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунандаи шаҳрро 7 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад.

 

КОР ДАР САМТИ ИТТИҲОДИЯ ДИНӢ

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 4 ҳизбҳои сиёсӣ - Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 15 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва 9 иттиҳодияҳои динӣ фаъолият мебаранд, ки мунтазам бо онҳо корбарӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар шаҳри Гулистон ҳамагӣ 9 масҷидҳо мавҷуд буда, аз ин як масҷиди ҷомеи марказӣ дар маркази шаҳр, як масҷиди ҷомеъ дар шаҳраки Консой, як масҷиди ҷомеъ ва ду масҷидҳои панҷвақта дар шаҳраки Адрасмон ва боқимонда як адади масҷидҳои панҷвақта дар шаҳракҳои Сирдарё, Чоруқдаррон, Зарнисор ва Навгарзан амал менамоянд. Бояд гуфт, ки ҳамаи масҷидҳои дар шаҳри Гулистон қарордошта аз қайди давлатӣ ва баҳисобгирӣ гузаштаанд.

 

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПУЛАКӢ

Дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ 70 миллиону 500 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум (69 миллиону 900 ҳазор сомонӣ) ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ зиёд, яъне ба 100,9% баробар мебошад.

Алҳол дар қаламрави шаҳри Гулистон намояндагии се бонкҳои калонтарини ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Инҳо; Бонки Эсхата, Ориёнбонк ва Амонатбонк буда, бонкҳои мазкур дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2018 ба аҳолӣ барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 9 505 900 сомонӣ қарзҳо додаанд. Ҳаҷми қарзҳои хавфнок 270 ҳазору 987 сомонӣ ва ҳаҷми қарзҳои бебозгашт 59 ҳазору 125 сомонӣ танҳо дар Филиали ҶСК “Бонки Эсхата” мавҷуд мебошад.

 

ВАЗЪИ ҶИНОЯТКОРӢ

Дар давраи сипаригардидаи соли 2018 дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 206 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2017 - 37 адад зиёд мебошад. Ошкоркунии ҷиноятҳо 96,98 фисадро дар бар мегирад. Инчунин аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ба қайд гиираташуда 8 ададашро ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-ҷусутуҷӯӣ ба миқдори 1кг 407,7 грамм маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Дар ин давра 5 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 3 ҳолати худкушӣ ва 2 сӯиқасд ба худкушӣ мебошад. Аз ҳисоби умумии онҳо 3 нафар ҷавонзани 21-29 сола, 1 нафар ноболиғ 13 сола ва як нафар марди 56 сола мебошад.

Аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифта шуда, 39 адад ҷиноят аз ҷониби ҷавонон, 20 ҷиноят аз тарафи занон ва 8 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон содир карда шудааст.

Сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ва аз иқдомҳои неки Сарвари давлат намуда, баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол талош меварзанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии қарору санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар мақомотҳои болоиро ба роҳ монда, тамоми имкониятҳои мавҷударо комилан ва самаранок истифода мебарад ва баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоиста ва босаодати мардум ҷидду ҷадал менамояд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:262
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:847
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:23309
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:59760
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8269272

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?