Матни равон

Имрӯз 13 апрели соли 2023, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар се моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар маҷлиси фаъолон муовинон ва роҳбари дастгоҳи  раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи назорати давлатӣ оид ба фоъолияти тиббии Сарраёсати хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Пӯлодзода Илҳом иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори маҷлисро оғоз намуд. Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар се моҳи соли 2023 маърӯза намуд.

Зикр гардид, ки дар давоми се моҳи соли 2023 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 70,5 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 108,0 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 5,2 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 16,8 миллион сомонӣ буда, 18,4 миллион сомонӣ ё 109,8 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 1,6 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми  се моҳ ба маблағи 1 миллиарду 064,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 103,8 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 38,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Истеҳсоли   маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 88 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят  18,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар соли ҷорӣ сохтмони 5 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 3 корхона ба  ситифода дода шуд.

Ҳамчун, доир ба фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсати давлатии ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр маълумот дода шуд.

Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз масъулини соҳаҳо доир ба натиҷаҳои меҳнатӣ, пурсиш ба амал овард.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи назорати давлатӣ оид ба фоъолияти тиббии Сарраёсати хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳом Пӯлодзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ибрози назар намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳо таклифу пешниҳодҳо намуд.

Сипас, Раиси шаҳр  Раъно Ҳошимзода ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ноил гардидани хонандагон ба дастовардҳои назаррас, дар сатҳи баланд баргузор намудани даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:79
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1601
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:79
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10959
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:20341
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8121658

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?