5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Сада ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни чойхонаи Муассисаи давлатии Қасри Арбоб, ки макони асосии тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили иди бостонӣ интихоб шуда буд, сокинони вилоят бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, Сада аз зумраи ҷашнҳои миллии мо буда, асосан ба кишоварзон рабт дорад, зеро марди деҳқон бо таҷлили ин иди ниёгон ба кишту кори баҳорӣ омодагӣ мебинад ва шаш сол аст, ки дар саросари кишвар баргузор карда мешавад.
Сада бо фазилатҳои некаш аз наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мужда мерасонад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ, хати обрасонӣ, ташкили гармхонаи замонавӣ ва оғози кишти картошка дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд
- В Таджикистане зарегистрировано 28 месторождений нефти и газа
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи ҶДММ «ММК Агро» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд






5 феврал дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қитъаи 40-уми Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар бунёди боғи интенсивӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуданд.
5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев бо раванди парвариши зироат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити гармхона шинос шуданд.
Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки масоҳати умумиаш 700 гектарро ташкил медиҳад, дар масоҳати 5 гектар боғи нави интенсивии сиёҳолуи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” бунёд карданд.













