Матни равон

Имрӯз, 25.06.2025 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон   дар толори бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр  таҳти унвони “Ваҳдат пойдевори давлат ва ҳастии миллат аст” ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳр мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов  иштирок ва суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба тадриҷ бартараф карда мешаванд”.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки давлати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон волотарин арзиш ва муҳимтарин дастоварди таърихӣ ба шумор меравад. Зеро миллати тоҷик баъд аз ҳазорсоли бедавлатӣ соҳиби давлати мустақил гардид. Аз таърихи гузаштаи миллат ба мо маълум аст, ки яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани давлати бузурги Сомониён ин набудани ваҳдату ягонагӣ миёни ҷомеа буд. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар оғози соҳибихтиёрӣ бо таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Воқеан дар он вақт давлати тозаистиқлол дар ҳолати нобудӣ ва миллат дар ҳолати парокандашавӣ қарор дошт. Зуҳури таҳдидҳо, манфиатҷӯии гурӯҳҳои мухталиф ва идомаи низоъҳо ҳамоно сарнавишти ояндаи давлатро норавшаван ва истиқлоли сиёсиро зери хатари ҷиддӣ қарор дода буданд. Дар чунин шароити душвор ва маҳз барқарории ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро ҳифз намоем. Яъне дар марҳилаи аввали соҳибихтиёрӣ маҳз ба василаи ваҳдати миллӣ мавҷудияти физикии давлат ҳифз ва ҳимоя карда шуд. Имрӯз низ ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ воситаи муҳимми таъмини бақои давлати Тоҷикистон аст.

Ҳамзамон, доир ба роҳҳои расидан ба Ваҳдати миллӣ, роҳҳои ҳифзу нигаҳдошти он, дастовардҳои даврони Ваҳдати миллӣ ва таҳкими он суханронӣ карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1628
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2722
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16728
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17466
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:63711
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:82840
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8740132

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?