Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Гимназияи рақами 1-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳрро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин муассисаи таълимӣ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он барои муҳассилин шароити беҳтарину арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосиру синфхонаҳои барҳаво, ки дар ин муассисаи таълимӣ муҳайё мебошад, шинос шуда, бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Маросими савгандёдкунии саркардаи гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадсаламов Ёдгоршо Шомусалламович
- Маросими савгандёдкунии саркардаи гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич
- Маросими савгандёдкунии саркардаи гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мазоров Хурсанд Мирзохаётович