Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани шаҳрвандони Федератсияи Россияро бар асари нишасти дурушти чархбол бо кӯҳнавардон дар минтақаи кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтем.