Матни равон

В настоящее время руководитель запрещённой террористическо-экстремистской организации Партия исламского возрождения (ТЭО ПИВ)  М.Кабири находится в одной из стран Евросоюза. Несмотря на то, что находится в розыске, он спокойно разгуливает по территории ЕС, участвует в  публичных мероприятиях, даёт интервью, восседает в президиумах.     Всюду за собой он таскает многочисленных родственников, чтобы создать видимость поддержки и массовости.   На этих мероприятиях Кабири  изображает из себя несчастную жертву правосудия, грозится представить обличительные документы и доказательства.

Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ — 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари фаъолони ҷумҳурӣ, як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ӯзбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардониданд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2018 шахсони мазкур, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои фарҳангию башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек саҳми босазо гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи васеи ситоди шаҳрӣ ҷиҳати омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои ситод, даъватшавандагон ва соҳибкорон таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид.

Дар ҷаласа раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ ҷиҳати омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии гӯштини тарзи румӣ-юнонии шаҳр мусобиқаи умумиҷумҳуриявии оид ба гӯштини румӣ-юнонӣ байни наврасони соли таваллудашон 2005 ва аз он боло ба хотираи собиқ раиси шаҳри Гулистон Муҳаммадҷон Файзуллоев бо иштироки 110 нафар варзишгари наврас аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тайи ду рӯз ба вуқӯъ пайваст.

Варзишгарони наврас аз рӯи 12 вазн байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар охири мусобиқа ба ғолибон диплому туҳфаҳои сарпарасти чорабинӣ супорида шуданд. Варзишгарони гулистонӣ Муминҷон Отаҷонов, Ҳасан Ҳамроалиев,, Абдусамад Даминов, Ғайбулло Наботов, Кароматулло Алишерӣ дар вазнҳои худ чемпиони мусобиқа, Ҷонибек Раҳимҷонзод, Исфаҳон Хушдилов, Муҳаммад Гуруков сазовори ҷойи дуюм ва Муслим Наҷмиддинов,  Нурмуҳаммад Раҳматуллоев, Фирдавс Самирӣ, Давлатбек Соҳибхӯҷаев, Давлатбек Ҳоҷибоев, Амон Ёқубов соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

 

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шуд.

Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 27 — солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.

Барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3210
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3210
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54347
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8263859

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?