Матни равон

Таҷлили ҷашни пирӯзӣ бар фашизм9 май бо иштироки Раиси шаҳри Қайроққум дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Темурмалик ба муносибати солгарди 70-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 митинги ёдбуд баргузор шуд. Нахуст Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳр баромад карда кулли сокинони шаҳрро ба Иди Ғалаба табрик намуд. ӯ изҳор дошт, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ, акси садои он рӯзҳои пурталотум, он набарди ҳаёту мамот ҳар қадар ба саҳифаҳои таърих дохил гардад, шаҳомату бузургии он ҳамон қадар барҷастатар аён мегардад. Ёди он айём дар мағз-мағзи қалби онҳое, ки дар майдони ҳарб сина сипар кардаанд ё дар ақибгоҳ шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта Ғалабаи бузургро наздик кардаанд, абадӣ ҷой гардидааст.

Табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳузурдоштагон намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдусалом Ваҳобов расонид.

Таҷлили ҷашни пирӯзӣ бар фашизмБаъдан, Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода бо мақсади гиромидошти қурбониёни ҷанг дар пояи муҷассанаи «Ёдбуд» гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро пос дошт. Ҳамзамон, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар кишвар, бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи атомии Чернобил, намояндагони сохторҳои қудратӣ, аҳли ҷамоатчигии шаҳракҳо, ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту корхонаҳо, шуъбаю бахш, муасссисаҳои таълимӣ ва дигарон ба пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузоштанд.

Дар маҷмааи фароғатии «Маниҷа» барои собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони садамаи Чернобил ва дигар меҳмонон дастархони идона ташкил карда шуд. Медали ҷашнии «70-солагии Рӯзи Ғалаба» аз ҷониби Раиси шаҳр ба иштирокчиёни ҷанг ва нафарони дар ақибгоҳ буда тақдим гардид.

Таҷлили ҷашни пирӯзӣ бар фашизмТаҷлили ҷашни пирӯзӣ бар фашизм ба хотири арҷгузорӣ ба азму ирода ва ҷасорату мардонагии фарзандони ҷонфидои халқ бори дигар собит сохт, ки танҳо муттаҳидиву дӯстии халқҳо, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳуми миёни онҳо сулҳу суботи сартосарӣ ва пешрафту тараққиётро дар тамоми сайёра таъмин менамояд. Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дод, ки агар инсоният бар зидди ҳар гуна таҳдиду хатарҳои умумибашарӣ муттаҳид ва якдилу якмаром шавад, онҳоро ҳатман пешгирӣ ва бартараф карда метавонад.

Тавре аз сиёсати оқилона, башардӯстона ва сулҳҷӯёнаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бармеояд ғалаба бар фашизм ҷашни муқаддас буда, инсониятро огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошад. Аз ин рӯ, наслҳои имрӯзу ояндаи кишварамон бояд ҳамеша баҳри ҳифзи пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кӯшишу талош намояд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1553
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16899
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40902
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199657

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?