22 Ноябр 2018
Гузориши Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зимни баромадаш дар парлумон, ки баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеаро яке аз омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба терроризм ном бурд, вокунишеро дар расонаҳои наҳзатӣ ба миён овард.
Воқеан Мансур Умаров дуруст қайд мекунад, омилҳои асосии гаравидани ҷавонони тоҷик баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеа, таблиғу ташвиқи бесобиқаи арзишҳои динӣ, афзоиши таълимоти ибтидоии динӣ, паҳнкунии идеологияи диниву ифротӣ будаанд.Мусаллам аст, ки то замони фаъолияти озоди ТТЭ ҲНИ ва даст ба кудатои низомӣ задани ин ташаккула, дақиқтар тайи 15 соли фаъолият ин ҳизб террори ақидатиро ба роҳ монда бо роҳи маблағгузориҳо аз донорҳои хориҷии хеш аз тариқи расонаҳо, сомонаҳои интернетӣ, рўзнома ва маҷаллаҳои таъсис додааш фазоро пур аз афкори хрофотииву мазҳабӣ намуда, башиддат сатҳи мазҳабишавии ҷомеаро боло бурд. Ҳамчунин дар ҳамин замон таблиғи густурдаи фалсафаи ҷиҳоду шаҳодатро ба роҳ монда, афкори ҷавонону мардуми кишварро заҳрогин намуд. Аз ҷониби дигар тавассути расонаҳои хеш пайваста таблиғ намудани рўҳониёни ҳаммаслаки ин ҳизб ва аз онҳо талаққӣ намудани шахсиятҳои муҳим ба мазҳабишавии фазои фикрии кишвар оварда расонд.
Ҳарчанд имрўз расонаҳои ТТЭ ҲНИ даъво пеш меоранд, ки гўё ҳама чиз дар зери назорати мақомоти давлатӣ қарор дорад ва махсусан иҷрои маросиму маносики динӣ, аммо ин низ аз фаъолияти қаблии ТТЭ ҲНИ, ки дар замони фаъолияти хеш низоми дунявиро сарфи назар карда, арзишҳои диниву мазҳабиро сахи мутлақ намуда, дигарандешону зиёиёноро маҳдуд сохтанд, мақомотро водор намуданд, то вазъияти умумии динию мазҳабиро зери назорат дошта бошад. Аммо ин назорат маънии онро надорад, ки озодиҳои динӣ маҳдуд шуда бошанд. Имрўз дар сартосари Тоҷикистон расму маносики диниро озодона ва дар доираи қонун бо назардошти дунявияти сохти иҷтимоӣ ба ҷо меоваранд.
Террористони ТТЭ ҲНИ доду бедодро дар назди созмонҳои хориҷӣ оиди озодиҳои диниву мазҳабӣ роҳандозӣ мекунанд, аз он манфиатдоранд, зеро инҳо мехоҳанд ҳама чиз беназорат бошад ва афкори пучу хурофотии хешро барои бесубот кардани ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш истифода намоянд.
Агарчи имрўз фаъолияти ин ташаккулаи террористӣ дар дохили кишвар манъ шуда бошад ҳам, вале онҳо то ҳанўз тавассути расонаҳои гурўҳии хеш афкори муғризона ва мазҳабиро барои мағзшўӣ намудани ҷавонон ва савқ додани онҳо ба самти ифротгароиву терроризм ба роҳ мондаанд. Таблиғоти густурдаи 15-солае, ки ин ҳизби ифротӣ ба роҳ монд ва ҷомеаро таассубзадаву хурофотӣ намуда, бадбиниву таҳаммулнопазириро ба миён овард ва тафаккури чандин наслро масмуну заҳрогин намуд, дар як-ду сол ислоҳ кардани он сахт мушкил аст. Аз ин рў, агарчи имрўз даъво пеш меоваранд, ки пас аз бастани ин созмони террористӣ гароиш ба гурўҳҳои экстремистию террористӣ зиёд шуда бошад, ин танҳо як дурўғи маҳз аст. Зеро таблиғоти 15- солаи онҳо аз як тараф ва таблиғоти кунунӣ дар расонаҳои гурўҳӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бар сари ин мушкил афзудааст.
Мансур Умаров воқеиятро қайд менамояд, ки яке аз омилҳои ифротишавии ҷавонон дар муҳоҷират «зери таъсири гурўҳҳои ифротӣ қарор гирифтани ҷавонон дар муҳити бегона, яъне муҳоҷирати меҳнатӣ» мебошад. Дар ин самт дар баробари мубаллиғони дигар гурўҳҳои ифротиву террористӣ саҳми мубуллиғони ТТЭ ҲНИ низ зиёд аст, ки онро дар кишварҳои Русия ва Аврупо метавон ба осонӣ мушоҳида намуд.
Эҳсони Иҳлом