Матни равон

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма!

Дар раванди муносибатҳои сиёсии ҷомеа воситаҳои ахбори омма, ки яке аз институтҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор меравад, нақши барҷаста дорад. Инкишофи шуури ҷамъиятро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз худ намудан ва таҳлилу тарғиби фаъолияти сохторҳои ҷомеа фақат ба воситаи онҳо имконпазир мебошад.

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои истиқлолияти давлатӣ рушди устувори ҷомеа воситаҳои ахбори оммаро ба яке аз воситаҳои муҳими воқеънигорӣ ва таҷассумгари ҳаёти ҷомеа табдил додааст.

Давлати мо бо ҳидоятҳои фардоофари Пешвои муаззами миллат ба матбуот чун тарғибгари сиёсати берунаю дохилии мамлакат, паҳнкунандаи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар иқтисодиёт, мусоидкунанда ба инкишофи иҷтимоию фарҳангии ҳаёти халқ баҳои баланд медиҳад. Зеро матбуоти тоҷик дар қатори дигар воситаҳои ахбори омма аз рӯзҳои аввали ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ мавқеи ватанхоҳона гирифт, ба ташаккули худшиносиву худогоҳии халқ саҳми арзанда гузошт.

Имрӯз матбуоти тоҷик, ки таърихи ибратбахш дораду аз рӯзномаҳои «Бухорои шариф», «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» нахустмаҷаллаи тоҷикии «Оина» ибтидо мегирад, васфи истиқлол мекунад, музаффариятҳои кишварро дар даврони истиқлолият бо хатҳои заррин менависад. Таърихи пурпечутоби миллат, симои инсонҳои муътабари онро баъди асрҳо дар пеши назарҳо ҷавлон мезанонад. Вай ҷавлонгоҳи қаламкаш, ҳидоятгари мардум ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гаштааст. Имрӯз дар майдони матбуоти кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар самти огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр матбуотро ба таври доимӣ дастгирӣ мекунад, барои беҳтар шудани шароити меҳнатии рӯзноманигорон, базаи моддию техникии идораи ягона рӯзномаи расмии шаҳр – «Соҳил» ҳамаҷониба ёрӣ мерасонад.

Дар раванди кор бо матбуоти даврӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамкории густурда ва вусъатнокро роҳандозӣ намуда, баҳри тарғиби ғояи миллӣ, тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ, пур кардани фазои иттилоотӣ ва инъикоси рӯйдодҳои муҳими соҳаҳои хоҷагии халқ васеъ истифода мебарад.

Хурсандиовар аст, ки нахустин шумораи рӯзномаи расмии шаҳр «Соҳил» маҳз дар даврони истиқлолият бисту як сол муқаддам, бо ташаббуси рӯзноманигор ва адиби гулистонӣ Илҳом Раҳим интишор гардид. Дар давоми бисту як соли мавҷудияти худ қариб ҳазор шумораи он дастраси муштариён гардидааст, ки дар ин росто заҳмати зиёди аҳли эҷод ва мухбирони ҷамоатии ҳафтанома баръало ба назар мерасанд.

Тамоми намояндагони ахбори омма, инчунин кормандон ва мухбирони ҷамоатии «Соҳил»-ро, бо Рӯзи матбуоти тоҷик сидқан шодбош гуфта, умед дорам, ки рӯзномаи расмии Гулистон минбаъд ҳам чун оинаи ҳақгӯe мемонад, воқеиятро ҳаққонӣ инъикос мекунад, барои таҳкими ваҳдату дӯстӣ ва таъмини пояндагии сулҳу осоиштагӣ саҳм мегирад.

Иди матбуоти тоҷик, муборак бод!

 

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1977
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6355
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:62433
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7704353

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?