Матни равон

Истилоҳи терроризм аз ду қисмат - аз калимаи лотинии «террор»(«террор», «тарс», «ваҳшоният») ва суфикси исмсози «изм», ки ба исмҳои мардона сифати ҷараён, самт ва ба раванди ҳодисоти дар решаи онҳо мавҷудбуда табдил ёфтанро зам менамояд, иборат аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ бо мақоми олии қонунгузор дар қатори инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз зарурати ислоҳоти иқтисодӣ, рушди рукни низоми давлатдорӣ ва баъзе мушкилоти олами муосир, камбуду норасоиҳои ҳаёти иҷтимоӣ сухан ронда, бамаротиба аз таҳдиди зуҳуроти манфии терроризм ба ҳаёти осоиштаи мардум ёдрас шуданд.

Имрӯз бошад, терроризм ба масъалаи глобалии замони муосир, нерӯи манфии вайронкунандаи низомҳо, таҳдиди ҷиддӣ ба фарҳангу тамаддунҳо, воситаи махуфи тарсондани инсонҳо, унсури ноҷавонмардонаи расидан ба мақсадҳои нопок дар ақсои олам ва ҳар давлати демократӣ, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол мубаддал гаштааст. Инро мо набояд лаҳзае фаромӯш созем.

Албатта, ҳеҷ манфиат, ҳеҷ ғараз ва ҳеҷ як нерӯи сиёсӣ, ки дар ҳаёти инсон зуҳур менамояд, аз назари ахлоқи башарӣ ва қонуни умумии адл ин зуҳуротро ҳодисаи мусбат ва сазовори рафтори инсонӣ дониста наметавонад. Вобаста ба ин Президенти мамлакат ҳақиқатнигорона таъкид намудаанд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Мо тоҷикон, ки аз роҳи пуршебу фарози таърихӣ бо паси сар кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба эъмори давлати озоду обод расидаем, бояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем ва Ватани азизи худро аз дасти нохалафон пок дорем. Ҳифз намудани Ватан, ояндаи давлат ва фарзандон аз ин зуҳуроти манфии ҷаҳонишуда вазифаи муқаддаси ҳар яки мо мебошад.

Фирӯза ҶӮРАЕВА,
«Соҳил»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3885
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13609
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:69687
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7711607

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?