Матни равон

Таҳти ин шиор рӯзи шанбе намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.

Гулистониён тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, кӯчаҳо ва маҳалли зист корҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд.

Тибқи нақшаи чорабинии 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонӣ дар шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” рӯз то рӯз тақвият меёбад.

Шафати кӯчаи асосии маркази шаҳр - Истиқлол, кӯчаҳои Суғдиён, Сафин, Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Абдураҳмон Ҷомӣ, маҳаллаҳои Мирзо Турсунзода, Дӯстии халқҳо, Қолинбофон, Гулистон, Сарбанд, дохил ва гирду атрофи идораҳои маъмурӣ, маҳалли зист, нуқтаҳои савдо, марказҳои хизматрасонӣ ва монанди ин аз алафҳо ва партовҳо тоза карда шуданд. Ҳамзамон, 510 метр ҷӯйборҳо тоза карда шуда, шохбур ва решакан намудани дарахтони хушкгардида гузаронида, аз ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳо ба миқдори беш аз 3,5 тонна партовҳои гуногун бароварда шуданд.

То ба имрӯз дар ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он 5050 бех сафедор, 2380 бех ардач, 1750 бех санавбар, 163 бех сӯзанбарги кипарис, зиёда аз 5000 бех дарахтони мевадиҳанда, 23 ҳазор гули лола, 43 ҳазор кӯчати гули садбарг ва зиёда аз 350 ҳазор гулҳои ороишии мавсимӣ шинонда шудааст.

Корҳои ободонӣ бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бомаром идома дорад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2208
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2523
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4731
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25181
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43468
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8637049

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?