15 Июл 2015
Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи 15 июли соли 2015 ҷаласаи фаъолони шаҳр доир гардид. Дар он муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахш, мақомотҳои қудратӣ, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва кормандони васоити ахбори омма ҳузур доштанд. Маҷлиси фаъолони шаҳрро Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ифтитоҳ намуд:
- Дар ҷаласаи имрӯза танҳо як масъала оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар шаш моҳи соли равон ва вазифаҳои иҷрошудае, ки дар партави суханрониҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки рӯзҳои сафари корӣ ба вилояти Суғд иброз дошта буданд ва он нуктаҳое, ки аз Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд мавриди баррасӣ қарор дода мешавад, - зикр дошт, Раиси шаҳр.
Муовини Раиси шаҳр Ғайратҷон Оқилов дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2015 –ум маърӯза кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки дар ин давра мардуми сарбаланди шаҳр барои ба амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ гардонидани самтҳои асосии фаъолияти Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо ғайрати дучанд меҳнат карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ва нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ мутаносибан 103 фоиз таъмин карда шуд.
Корхонаҳои саноатии шаҳри Қайроққум дар давоми шаш моҳи соли 2015 фаъолияти истеҳсолӣ бурда, дар ин давра ба маблағи 530 млн. 087,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 107,4 фоизро ташкил дод, ё ки ин нишондиҳанда ба маблағи 36 млн. 490,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 98,1 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 1,9 фоизи он ба хизматрасонии пулакӣ ва сектори хусусӣ мансуб аст.
Дар корхонаҳои саноатии шаҳр суръати афзоиш нисбат ба соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 107,4 фоиз иҷро гардид.
Дурнамои солонаи Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳр барои то соли 2015 - 110,67 фоиз иҷрои худро ёфт.
Аз ҷониби соҳибкорони шаҳр 5 корхонаҳои хурду миёна ва сехҳои истеҳсолӣ, ба монанди Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди «Дӯстон-1», коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар заминаи «Сахо и К», «Боғи Фирдавс» ва «Суғд-кабел», корхонаи маҳсулоти нимтайёр дар заминаи ҶСП “Осоишгоҳи Баҳористон” бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат ба истифода дода шуданд.
18 корхонаҳои саноатӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ барзиёд таъмин намуданд.Дар маҷмӯъ 575 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт.
Ғайратҷон Оқилов дар бораи омодагӣ ба фасли зимистон сухан ронда, таъкид намуд, ки барои хуб гузаронидани фасли зимистон ба харидории ангишт, сӯзишворӣ ва генераторҳо ба муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг 121 ҳазору 325 сомонӣ маблағ барои харидории 255 тонна ангишт ҷудо карда шуд.
Соли ҷорӣ барои зимистонгузаронӣ, таъмир ва дастгирии моддии соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг 1 миллиону 13 ҳазору 382 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Тибқи нақшаи квотаи Президентӣ 15 нафар хонандагон дар макотиби олии вилоятиву ҷумҳуриявӣ дохил шуданд. Айни замон 2 нафар гирандагони идрорпулии Президентӣ, 25 нафар гирандагони идрорпулии Раиси шаҳр аз байни хонандагони фаъол ҳастанд. Дар олимпиадаи байналхалқӣ 2 нафар, ҷумҳуриявӣ 1 нафар ва вилоятӣ 1 нафар соҳиби ҷойҳои намоён шуданд.
Баҳри эҳёи муассисаҳои фарҳангии шаҳр дар 6 моҳи соли 2015 барои таъмиру тармим ва харидани таҷҳизотҳои зарурӣ 181 ҳазору 880 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ба самти татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.Ҷиҳати самаранок гузаронидани вақти ҷавонон ба варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар оғози сол қарори раиси шаҳр «Дар бораи эълон намудани рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ» таҳти №1, аз 5 январи соли 2015 ба тасвиб расида буд. Шанбеи чоруми ҳар моҳ чорабиниҳои оммавии варзишӣ баҳри татбиқи қарори мазкур дар қаламрави шаҳр доир мегардад.
Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ба гирифтани 38 медал, ҷумҳуриявӣ 23 медал ва вилоятӣ соҳиби 63 медал гардиданд.
Бо мусоидат ба Барномаи вилоятии “Идомаи соли роҳҳои обод” соли ҷорӣ 42,1 км роҳҳои автомобилгард таъмиру тармим шуд. Аз ҷумла, 0,02 км таъмири асосӣ, 3,1 км таъмири ҷорӣ, 39 км шағалпӯш карда шуданд. Инчунин азнавсозии 1 кӯпрук дар Ҷамоати шаҳраки Консой иҷро гардид. Дар маҷмӯъ барои татбиқи ин барнома беш 625 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шуд.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б. Ғафуров барои маҳалҳои аҳолинишин ба 403 оилаҳои эҳтиёҷманди шаҳр қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои ноҳияи мазкур ҷудо ва тақсим карда шуд.
Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода аз раисони Ҷамоати шаҳракҳо, мудирони шуъбаю бахш, сарварони корхонаҳои саноатӣ ва дигар масъулин сабабҳои рух додани камбудиву нуқсонҳоро пурсон шуд ва дар ҳалли муаммоҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҷалби кадрҳои ҷавон ба кор, вусъати варзиш дар шаҳракҳо, густариши корҳои тарғиботӣ байни аҳолӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, зиёд кардани ҷойҳои корӣ, зиёдкунии теъдоди хонандагон ба ҳуҷҷатсупории Маркази миллии тестӣ, таъмини саривақтии нақшаю ӯҳдадориҳои корхонаҳои саноатӣ, сифатнок иҷро кардани нақшаи андоз ва дигар камбудиҳои мавҷударо хотиррасон кард.
Ба масъулини идораи фурӯши барқ ва хоҷагиҳои коммуналӣ дар бобати ҷамъоварии саривақтии маблағи барқи истифода шуда ва ҳаққи хизмати коммуналӣ супориш дод, ки дар ҳалли ин масъалаҳои мубрами рӯз мусоидат намоянд.
Дар машварати фаъолони шаҳр намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдушукур Бобоҷонов иштирок ва баромад кард.
Дар интиҳои маҷлиси фаъолон Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва тамоми мардуми меҳнатқарини шаҳри Қайроққум фаъолияти минбаъдаи худро баҳри татбиқи ҳамаҷонибаи дастуру супориш ва амру фармонҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои қонунҳои амалкунанда равона карда, барои боз ҳам афзун гардонидани дастоварду комёбиҳои меҳнатӣ ва ба ин васила таъмин намудани рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар нимсолаи дуюми соли 2015 тамоми кӯшишу ғайратро равона месозанд, то ҷашнҳои дар пеш истодаро бо дастовезҳои арзанда истиқбол намоянд.