Матни равон

Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонИмруз, 8 сентябр дар толори «Кохи Истиқлол» ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ин тантанаи бошукӯҳи идона бо ворид шудани Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ва меҳмонон ба толор, бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ ёфт. Раиси шаҳр зимни суханронии табрикии худ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳанбунёди тоҷик номида, аҳли толорро бо солгарди 24-умин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфт.

-Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳоло Тоҷикистон, -таъкид дошт Раиси шаҳр- дар арсаи нанг қарор дорад ва ҳар як фарди бошарафу бо номуси кишварро зарур аст, ки бо меҳнати софдилонаву содиқона баҳри абадиву пойдории ин неъмати бебаҳову пурарзиш саъю талош намояд. Зеро маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлат имрӯз ҳар фарди меҳнатқарину ватандӯсти тоҷик, дар атрофи татбиқи ормонҳои сарнавиштсози миллӣ ба зиндагии шарафманди пурсаодат ва рӯзгори осуда расидааст.

Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонДар охир Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода бори дигар таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ ва давлати мустақили Тоҷикистонро неъмати бебаҳо шумурда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз бояд намуд ва ҳамеша пос дошт.

Шодбошии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аъзам Ҳотамӣ расонид.

Мудири шуъбаи эҳёи беморхонаи марказӣ Олимҷон Султонов, директори ҶСШК «Фаровон-1» Исроилхӯҷа Самандаров ва раиси Ҷамоати шаҳраки Сирдарё Ойниссо Раҳматова бо «Ифтихорнома»-и Раиси вилояти Суғд сарфарозонида шуданд.

Баъдан ба раиси кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳр Акбаралӣ Усмоналиев ва сардори шуъбаи сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Раёсати молия Ҳайдар Муродов унвони «Шаҳрванди фахрӣ»-и шаҳри Қайроққум бо қарори Раиси шаҳр дода шуд. Фаъолон ва пешсафони соҳаҳои гуногуни шаҳр бо «Ифтихорнома»-и Раиси шаҳри Қайроққум барои дастовардҳои шоён арҷгузорӣ гардиданд.

Тантанаи идона бо барномаи бошукуҳи санъаткорони вилоят ва бахши фарҳанги шаҳр идома ёфт.

 


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2085
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17431
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41434
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8200189

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?