10 Сентябр 2015
5 сентябр бахшида ба 24 – умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор ва ба як қатор пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ мардуми вилояти Суғдро аз номи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба мардуми вилояти Суғд сарбаландиву саодати рӯзгорро таманно намуд.
Чуноне гуфта шуд, имрӯзҳо пиру барнои кишвар Рӯзи истиқлолияти давлатиро бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва бо рӯҳияи баланди идона истиқбол мегиранд. Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин, азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёт мебошад.
Дар фароварди ҷамъомад ба як қатор хизматчиёни давлатӣ ва пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуд. Аз ҷумла 12 нафар бо медали Хизмати шоиста, 1 нафар бо медали Шафқат ва 4 нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар қатори мукофотгирифтагон аз шаҳри Қайроққум низ мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Муслимахон Исоқова бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фирӯз Гадоев, сардори корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилӣ - коммунали»-и шаҳри Қайроққум бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд