14 Сентябр 2015
11-уми сентябр дар шаҳраки Зарнисор вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 Оқилзода Нурулло бо бошандагони инҷо доир гардид. Вохӯрию суҳбатҳои рӯ ба рӯ дар беморхона, МТМУ-и №10 ва маҳаллаи Сардобсой ҷараён гирифт.
Оқилзода Нурулло дар равиши баромад нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дод.
-Паём фарогири тамоми масоили қишрҳои ҷомеа ва барномаи комили амал мебошад, -изҳор дошт ӯ. Доир ба вазъи кунунии иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ низ баромадкунанда ҳарф зад.
-Паём моро муваззаф мегардонад, ки нисбат ба фаъолияти худ масъулият ва маърифати баланди касбӣ зоҳир намуда, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саъй ва талоши худро дареғ надорем ва тибқи ин барномаи мукаммали ҳаётӣ амал намоем, - дар интиҳои суҳбат таъкид дошт Оқилзода Нурулло.
Вохӯрӣ бо суолу ҷавоб ва ибрози андешаи ҳузурдоштагон идомаю анҷом ёфт.