18 Сентябр 2015
Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум ҷиҳати дарёфти огоҳии воқеӣ аз вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шунидани арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон ба шаҳраки Чоруқдаррон сафари корӣ анҷом дод.
Амалишавии дастуру супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳёи ҳунарҳои қадимии ниёгон ва Раиси вилоят оид ба таъсиси марказҳои таълимию истеҳсолӣ дар маҳалҳо дар кадом сатҳ қарор дорад, ва оё ин икдом аз ҷониби аҳолӣ пазируфта мешавад? Посухи ин суолро Раиси шаҳр дар Маркази таълимию истеҳсолии матоҳои адрасу атласбофӣ, ки дар шаҳрак ба фаъолият оғоз кардааст, пайдо кард. Бино ба иттилои роҳбари Марказ Махфират Худойназарова бошандагони шаҳрак, бахусус ҷавондухтарон аз ба фаъолият шурӯъ кардани чунин як Маркази таълимию истеҳсолӣ изҳори қаноатмандӣ карда, бо завқу шавқи беандоза ба азхуд кардани касби ниёгон рӯ оварданд. Феълан 20 нафар ба таълиму таҳсили фаро гирифта шудаанд, Раиси шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд азхуд кардани ин шуғли ниёгон ва ба ин васила беҳтар кардани рӯзгорашон маслиҳатҳои муфид дод.
Қисмати дуввуми сафари кории Раиси шаҳр дар толори маҷлисгоҳи корхонаи фаръии металҳои рангаи шаҳрак суръат гирифт, ки дар баробари фаъолони Ҷамоат боз чанд нафар аз одамони касбу корашон гуногуни бо муроҷиатҳои шахсӣ ҳозиршуда иштирок доштанд.
Раиси шаҳр ба ҳозирин аз ҳаллу фасли он масоили муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ ироа дошт, хотирнишон сохта, аз дастовардҳои муҳими солҳои охир ёдовар шуд ва таъкид кард, ки муҳайё кардани тамоми шароитҳо ҷиҳати зиндагии шоистаи мардум аз мубрамтарин ҳадафҳои Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар аснои мулоқот бо хозирин маълум шуд, ки дар давоми наздик нӯҳ моҳи соли равон танҳо аз номи шаҳрвандони шаҳрак 49 адад аризаву муроҷиатҳо ба унвонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ворид шудааст, ки масоили гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоиро, аз қабили ҷудо кардани қитъаи замин, сохтмони манзил, оби нӯшиданиву полезиро дар бар мегирад.
Наимҷон Пӯлотов, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба тартиби хусусигардонии амволи давлатӣ сухан кард.
Баъдан дар қисмати дигари сафари корӣ Раиси шаҳр бевосита арзу муроҷиатҳои бошандагони шаҳрак: Элмирзо Холмирзоев, Тоҳир Қӯшбоев, Алӣ Музаффаров, Сайфиддин Сайфиддинов, Моҳсафар Ашӯрова, Насиба Сотиболдиева, Шоҳрух Ҳалимовро оид ба масъалаҳои норасоии оби нӯшиданӣ ва нерӯи барқ дар манзилҳои истиқоматию кӯчаҳои шаҳрак, набудани мошини сӯхторхомӯшкунӣ ва ҷойи шуғли доимӣ шунида, дар бартараф кардани ин нуқсонҳо ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.
Дар ҷараёни сафар Раиси шаҳрро инчунин роҳбарони сохторҳои ҳуқукӣ ва дигар бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамроҳӣ доштанд.
Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода дар интиҳои сафари корӣ ба 10 оилаҳои эҳтиёҷманд маводҳои озуқа ва ба 15 нафар бонувон либосҳои миллӣ тақдим дошт.