29 Сентябр 2015
Чанде пеш дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳраки Адрасмон ва Сирдарё, ки ҳамагӣ ҳафт ададро ташкил мекунад, санҷиш ва расонидани ёрии методӣ дар ҳуҷатгузорӣ ва фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ аз тарафи мудири бахши занони КИ ҲХДТ Бадалова Саёхат ба роҳ монда шуд.
Дар вақти санҷиш дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳраки Адрасмон – «Гулдара», «ГОК Адрасмон», «Шаҳраки Адрасмон», «Корхонаи серсоҳаи манзилӣ-комунналӣ» ва «Зарчашма» бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ сӯҳбат ороста шуда, оиди ҳуҷатгузорӣ, нақшаи корӣ ва иҷрои он дастурҳо дода шуд.
Дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳраки Сирдарё бошад, санҷиш гузаронида ёрии методӣ расонида шуд ва бо фаъолзанони ҳизб оиди ҳодисаҳои нангини санаи 04.09.2015 дар Душанбешаҳр ва шаҳри Ваҳдат рухдода сӯҳбат ороста шуда, дар бораи ба охир расидани амалиёти дараи Ромит муфассал маълумот дода шуд ва фаъолзанони ҳизб вазифадор карда шуданд, ки дар байни аҳолӣ дар ин бора вохӯриҳо гузаронанд.
Мавлуда Рафиева