13 Октябр 2015
Дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии шаҳр дар мавзӯи «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» вохӯрӣ бо кормандон гузаронида шуд. Муовини раиси ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии шаҳр Болтуев Зоҳир дар баромади худ қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза ба зидди коррупсия» амал мекунад. Барои амали намудани Қонуни мазкури тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд.
Амалҳои коррупсионӣ ниҳоят хатарнок буда, барои роҳ надодан ба чунин кирдорҳо мо бояд, чораҳои амалӣ андешем. Чунин вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии ҶМТКММ «Апрелевка» низ гузаронида шуд. Муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Исломов Зафар дар минтақаи «Апрелевка»и деҳаи Қароҷингил оиди масъалаи мазкур ва дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстримистӣ, ҳодисаҳои нангинӣ аз тарафи Абдуҳалим Назарзода ва ҳаммасслакони ӯ моҳи сентябр ба вуқӯъ пайваста баромад намуд. Инчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Сафаров Рустам дар минтақаи «Бургунда»-и ҳамин корхона оиди масъалаҳои мазкур баромад намуд.