Матни равон

Дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Гулистон маросими ботантана гуселонидани даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода даъватшавандагонро ба ин муносибат таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад. Фарзандони баруманди тоҷикистонӣ дар давоми хизмати ҳарбӣ ба маънии томи мафҳумҳои Ватану ватандорӣ, садоқату матонат, нангу номус ва шарафу виҷдон хеле амиқ расида, обу тоби ҷисмонӣ ва маънавӣ мегиранд. Дар марҳилаи ҳозира таъминоти моддию техникии Артиши миллии Тоҷикистон ҷавобгӯи замони муосир мебошад.

Сипас, раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Каромат Қосимова, модари даъватшаванда Тухтарҷон Исмоилова ва даъватшавандаи ихтиёрӣ Улуғбек Иброҳимов суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанг барномаи марғуби консертӣ манзури иштирокчиён гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2020
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2896
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11954
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10075
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8754802

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?