03 Май 2021
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон машварати корӣ таҳти раёсати Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои зерсохтори мақомот, сардорони муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ ва сохтмонии шаҳр ва дигар шахсони масъул доир гардид.
Дар ибтидо ҷараёни рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни таҳлилу баррасӣ Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода доир ба сатҳу сифати иншооти бунёдмегардида, муҳлатҳои он, иншооти сохтмонаш тӯлкашида ва дигар муаммоҳои мавҷуда изҳори назар намуд.
Сипас, ба масъулин ва роҳбарони зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба масъалаҳои саривақт иҷро гардидани пардохти андозҳо, чароғонкунии кӯчаҳои марказии шаҳр, назорати ҳамарӯзаи дарахтони шинонидашуда, назорати корҳои ободониву созандагӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо нуқтаҳои савдо ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, тозагии маҳалли зист, нашри мақолаҳои зарурӣ оид ба маданияти шаҳрдорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷом зикр гардид, ки соли ҷашни ҳумоюни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки беш аз пеш масъулиятшинос шуда, дар иҷрои саривақтии вазифаҳо саъю кӯшиши ҷиддӣ ба харҷ дода шавад.