Матни равон

Мо бояд сиёсати иқтисодии худро тарзе ба роҳ монем, ки тавассути истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва дигар дороиҳо рақобатнокии иқтисоди миллӣ баланд бардошта шавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Муборакбодии  Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бахшида ба  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонБо фаро расидани Рӯзи геологҳо кормандону мутахассисони соҳаро, ки тамоми қувва, дониш ва таҷрибаву малакаи худро баҳри ҳарчи бештар дарёфт кардани захираҳои нави сарватҳои зеризаминӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо сарф намуда, дар рушд ва тараққиёти саноати кӯҳӣ саҳми арзанда мегузоранд, бо иди касбиашон табрик мегӯям. Ба ҳамаи онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаободӣ ва дар иҷрои нақшаҳо муваффақиятҳои беназир  орзу менамоям.

Сарзамини мо аз қадим бо сарватҳои табиии худ шӯҳрату ифтихор дошт ва мардум ҳамеша онҳоро барои таъмини пешрафти диёр ва беҳдошти зиндагӣ истифода мебурданд.

Дар замони Истиқлолияти кишвари азизамон соҳаи геология ба яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ табдил ёфт. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти Президети кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ин соҳаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян намуда, баҳри пешрафт ва тараққиёти он тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Геологҳо бошанд, ҳамарӯза баҳри ҷустуҷӯю дарёфти конҳои нав, истихроҷ ва коркарди ашё, ки барои истеҳсоли нуриҳои минераливу маводи сохтмон хеле заруранд, ҳамчунин дар обёрӣ намудани заминҳо ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Боварӣ дорам, ки геологҳои шаҳр анъанаҳои меҳнатии худро таҳким дода, бо амалӣ намудани барномаву нақшаҳои иқтисодӣ дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

Идатон муборак, кашшофони сарватҳои зеризаминӣ!


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1049
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6482
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14800
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18792
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:60629
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9446398

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?