Матни равон

28 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл дидорбинӣ намуда, бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Аз ҷониби Сарвари ғамхору ятимпарвар ба 150 нафар ятими кулл туҳфа, аз қабили сару либоси зимистона ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буданд, ки ҳеҷ гоҳ ятимонро танҳо намегузоранд. Натиҷа ҳамин аст, ки зимни сафарҳои кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сараввал бо чунин нафарон мулоқоту суҳбат намуда, аз аҳволашон шахсан бохабар мегарданд. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Роҳбари давлат боиси он гардидааст, ки кӯдакони бо амри тақдир ятиммонда ҳамеша зери ғамхорӣ қарор доранд.

 

Зимни суҳбати озоду самимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳамеша дар ҳаққи чунин нафарон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Аз кӯдакону наврасон даъват ба амал оварданд, ки шароити фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, барои омӯхтани илмҳои муосир, донистани забонҳои гуногун ҳамеша саъю кӯшиш намоянд.

Кӯдакон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди  зиндагонӣ ва илмомӯзӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2220
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2896
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12154
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10275
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8755002

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?