Матни равон

Имруз, 16 декабр дар толори МИҲД-и шаҳр ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ доир гардид.  Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар ёздаҳ моҳи соли сипаригардида ҳисобот дод. Нахуст баромадкунанда таваҷҷуҳи ҳозиринро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҷалб намуд.

Каромат Қосимова изҳор дошт, ки ин унвон ба Президенти кишвар, Раиси марказии ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон барои ватандори асил ва маҳбуби халқ буданаш сазовор дониста шуд. Аз назари илми сиёсат, зуҳури лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ як зарурати бисёр ҷиддии давлатдорию давлатсозист. Иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон ҳисси боварию эътимоди мардумро ба дурнамои давлату миллат дар сиришти ҳар як фарди баору номус бедор месозад. Мо ҳизбиёни шаҳри Қайроққум самимона ин иқдомро ҷонибдорӣ менамоем, - хотирнишон намуд баромадкунанда.

Каромат Қосимова баъдан дар ҷараёни ҳисобот қайд кард, ки бояд кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизб талаботҳои оиномавӣ ва барномаи ҳизбро, ки фарогири тамоми соҳоти хоҷагии халқи шаҳр аст баҳри амалӣ сохтан саъй намоянд. Ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб боз ҳам хубтар ба роҳ монда шавад ва тарбияи сиёсии онҳо дар ҷои аввал қарор гирад.

Раис ва муовинони ташкилотҳои ибтидоии Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой Раҳматҷон Мадаминов, деҳаи Зарчашма Улуғбек Хоҷаев, Ҷамоати шаҳраки Сирдарё Мавлуда Маюсуфова, бахши фарҳанг Бибиомина Мирзоева ба музокира баромада, фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ-ро дар соли 2015 қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Таваҷҷуҳи бештар ба гуруҳҳои таблиғотӣ дода шуд. Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Муовини Раиси шаҳри Қайроққум Ғайратҷон Оқилов ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи КИ вилоятии ҲХДТ Ҳамроҳхон Атоева дар кори ҷаласа ширкат ва баромад намуданд.

Омӯзгорони ҷавон ба сафи ҲХДТ қабул ва дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Дар фарҷом барои ҳамкориҳои судманд дар масири ободкориву созандагӣ, фаъолнокӣ дар маъракаи обуна ва тарғиби фаъолияти ҳизб якчанд пешсафон бо Ифтихорномаҳои кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ қадр гардиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2269
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2269
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53406
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8262918

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?