29 Январ 2016
Марбут ба Рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ ва таътили зимистонаи мактабиён МД “Мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Қайроққум” бо ҳидояти Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода як қатор чорабиниҳои варзишӣ доир намуд.
Дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода байни наврасону ҷавонон мусобиқа оид ба футболи хурд гузаронида шуд.
Чунин мусобиқа бо иштироки 4 даста дар варзишгоҳи марказӣ низ баргузор гардид.
Байни 7 дастаи волейболбозон дар Кохи варзишии Истиқлол мусобиқа доир шуд. Дастаи Навгарзан мақоми аввал ва дастаҳои Истиқлолу МТМУ-и №11 ҷойҳои минбаъдаро соҳибӣ намуданд.
Теъдоди умумии иштирокчиёни мусобиқаи дастхобонӣ зиёда аз 40 нафар буд, ки дар толори Кохи варзишии Истиқлол сурат гирифт.
Тибқи барномаҳои ИРИГУНИ –ДЗЮ, SHOӣҒ-IPPON ва даставӣ мусобиқаи каратэ-до бо ҷалби қариб 100 нафар ҷавонон гузаронида шуд.
Мусобиқаҳо оид ба бокс, гуштини юнонӣ-румӣ, таэкван-до ва варзиши сабук дар шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор, Консой бо фарогирии шумори зиёди ҷавонону наврасон доир гашт.