05 Феврал 2016
4 феврали соли равон дар толори бахши ҳифзи муҳити зист семинар дар мавзӯи “Асосҳои ба нақшагирии рушди маҳал ва интегратсияи масъалаҳои камбизоатӣ ба барномаҳои рушди шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Дар кори семинар намояндагони масъули МИҲД ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз шаҳрҳои Истиқлол, Чкалов ва Қайроққум иштирок намуданд. Ба нақшагирии стратегӣ, ҳамшарикии иҷтимоӣ, масоили камбизоатӣ ва монанди инҳо аз зумраи масъалаҳои баррасии семинар буд.