15 Феврал 2016
«Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост» гуфтаанд, ки бе ваҷҳ нест. Кулли кормандони соҳаи саноати шаҳр сарфи назар аз моликият дар такопӯву талош шуданд, ки дар моҳи аввали соли нав ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, дар ҳамин радифу ҳамин рӯҳия ҷараёни корро роҳандозӣ кунанд.
Бино ба иттилои Муҳаммадҷон Турсунов, сармутахассиси шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамаи корхонаҳои соҳа сарфи назар аз шакли моликияташон моҳи январро бо нишондиҳандаи баланди чашмрас натиҷабардорӣ карданд. Дар моҳи январ маҳсулоти тавлидотӣ ба 111 миллиону 325,2 ҳазор сомонӣ расид, ки афзоиш дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2015 ба 154,6 дар сад баробар мебошад.
Парчамбардори соҳа ҳамоно ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» буда, моҳи январро бо натиҷаи 170,6 дар сад ҷамъбаст кард. Дар ин радиф метавон фаъолияти мӯътадил ва ҳамзамон босамари ҶМ ТКММ «Апрелевка» нишондиҳандаи моҳи аввал 167, 1 нақшаи дурнамо, ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум»-150,5 дар садро метавон зикр кард, ки дар рушди соҳаи саноати шаҳр нақши муассир мебозанд.