19 Феврал 2016
Рӯзи 18 феврал дар қаламрави шаҳр Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Ҳифзи Ватан – вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд» дар ҷомеаҳои меҳнатии беш аз 40 корхонаву муассисаҳо ва Ҷамоати шаҳракҳо муташакилона ба вуқӯъ пайваст.
Дар баргузории он тарғиботчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ширкат варзида, роҷеъ ба мавзӯи мазкур, ҳамзамон доир ба лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Тарғиботчиён аз маркази вилоят дотсенти ДДҲБСТ Муҳаббат Почоева ва устоди ДПДТТ Зарина Акрамова оид ба муқаддас будани хизмат дар Артишӣ Миллӣ ва ҳомии боэътимоди Ватан будани Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷомеаҳои меҳнатии КАТС, бахши фарҳанг маърӯзаҳо намуданд.