22 Феврал 2016
Ҳамдиёрони азиз!
Афсарону сарбозони гиромӣ!
Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф – ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирии ҳар гуна хатару таҳдидҳо ва мубориза бар зидди онҳо, ки шарти асосии оромиву суботи давлат ва ҷомеа мебошад, комёбиҳо орзу менамоям.
Тавре дар ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд:
“Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад”.
Бо ғамхориҳои пайваста айни замон Артиши миллӣ қодир аст, амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро қудрату тавоноӣ ва омодагии баланди Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерӯи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунанд.
Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон , аз ҷумла, Артиши миллӣ қудрату нерӯ ва қобилияту зиракиро доро буда, ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Модар-Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омодаанд.
Соли 2016-ро, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон соли таърихӣ, яъне таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо дастовардҳои арзанда бояд истиқбол намоем.
Бори дигар Шумо – ҳомиёни Ватан ва ҳамватанони азизро ба ифтихори 23-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, бароятон рӯзгори хушу осуда ва барори кор орзу менамоям.
Идатон муборак – ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!