04 Март 2016
Дар МТМУ №13 шаҳраки Адрасмон бо сармавзӯи «Ватанам-Тоҷикистон» машғулияти 92-умини маҳфили муштараку сайёр, илмию методӣ, амалию назариявӣ ва ҳуқуқию доимоамалкунандаи «Корвони маънавиёт» ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ибтидо роҳбари маҳфил АкбаралӣУсмоналиев роҷеъ ба нақшаву ҳадафҳои маҳфил ибрози андеша карда, роҳбарон ва аъзои 9 зермаҳфилҳоро доир ба ҷараёни он тибқи нақша муваззаф намуд.
Дар саҳифаи «Минбари роҳбар» директори МТМУ №13 Тошматов Раут дар мавзӯи «Ташкили кор оид ба ҳифзи меҳнат ва бехатари аз сӯхтор дар МТМУ № 13» ҳисоботи эҷодӣ дод.
Иштирокчиёни маҳфил дар дарсҳои кушоди омӯзгорони муассисаи таълимӣ, аз ҷумла Гулноза Абдурахмонова (аз фанни забони модарӣ), Наргиза Назарова (аз фанни адабиёт), Манзура Ҳоҷиматова (аз фанни забони давлатӣ) ва Гулноза Маҳкамова (аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ) иштирок намуданд. Дар фарҷоми тадрис дар атрофии дастовардҳои омӯзгорон ва паҳлӯҳои дарсҳои кушод мубодилаи афкор ба вуқӯъ пайваст.
Дар бахши «Имкон» роҳбарони зермаҳфилҳо баромад намуда, фаъолияти дар соли 2015-ро ҷамъбаст намуданд. Аз рӯйи таҳлилҳо омӯзгори фанни забони модарии МТМУ №7-и шаҳраки Адрасмон Нафиса Абдуҷабборова, омӯзгори фанни забони давлатии МТМУ №7 Райҳона Ҳамзалимова ва директории МТМУ № 2-и шаҳраки Чоруқдарон Санавбар Набиева «Қаҳрамони сол» эълон карда шуда, шаҳодатномаи махсуси «Корвони маънавиёт» супорида шуд.
Дар бахши «Муроот» директори МТМУ № 13 Раут Тошматов ва дигар иштирокчиёни машғулият суханронӣ намуда, роҷеъ ба ширкат ва дастуруҳои ҷолиби эшон барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати таълиму тадрис изҳори миннатдорӣ баён карданд.