07 Март 2016
Чоруми март дар Кохи Истиқлол бо иштироки Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ба истиқболи Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҷашни Рӯзи Модарро, ки ба оғози баҳори нозанин рост омадааст, ба кулли сокинони шаҳр, бахусус ба модарону хоҳарон самимона шодбош гуфта, таъкид дошт: имрӯз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар хотиррасон менамоям:
«Имрӯз - дар замони истиқлолияти давлатамон моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотирҳо рафтаи худ – Иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми зан-модарро пос медорад».
Зимнан зикр гардид, ки модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад. Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз вай мебошад.
Боиси хушнудист, ки бонувони шаҳр баробари мардон оини ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳоти мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ дар шукуфоӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳрамон саҳми шоён доранд.
Сипас аз ҷониби Раиси шаҳр ба фаъолзанони соҳоти гуногуни хоҷагии халқ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Таронаҳои дилангези Исмат Ҷабборов, Юрий Саидов, Соҳиба Каримова, Низом Азимов, Гулизори Роҳат, Шуҳрати Расул, Шоҳраҷаб Эркаев, Фарҳод Дадобоев, Ҳусейн Набиев, Шохрух Шамсиев, рақсҳои дилпазири гурӯҳи гулдухтарон ва саҳначаҳои ҷолиби «Коно ва Доно» табъҳоро болида сохт.