Матни равон

15 – уми март дар толори бошукӯҳи «Кохи Истиқлол»-и шаҳри Гулистон ҳамоиши наврӯзии 137-умини навбатии маҳфили илмиву амалии «Ганҷи сухан» барпо гардид. Маҳфил бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ва аъзои он, олимону адибон ва омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ба вуқӯъ пайваст.

Дар ибтидо номзади илмҳои филологӣ Саидумрон Саидов ҳамагонро ба маҳфил «Ганҷи сухан» пазироӣ намуда, олимону адибонро муаррифӣ кард.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода меҳмононро ба шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» хайра мақдам намуда, роҷеъ ба робитаи судманди маҳфили «Ганҷи сухан» ва доираи адабии шаҳр сухан ронда, сипас доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» ва оид ба китоби тозанашри «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат» маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Раиси шаҳр тазаккур дод, ки қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳимест, ки мавриди истиқболи аҳолии кишвар гардид, зеро ин иқдоми мақоми қонунгузории кишвар ба ирода ва андешаи созандаи мардуми Тоҷикистон такя мекунад. Баъдан, мавсуф роҷеъ ба муҳтавои китоби тозанашр ва маводҳои он ибрози назар намуд.

Сипас, мудири кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ Нуралӣ Нуров доир ба суннатҳои наврӯзноманависӣ дар адабиёти тоҷику форс, аспиранти донишгоҳи номбурда Ирода Игамова оид ба навгониҳои илмиву фарҳангӣ ва муаррифии китобҳои тозанашр ҳарф зад. Адибон Мӯҳсин Аминзода, Баҳром Раҳматзод ва Илҳом Раҳим аз эҷодиёти хеш намунаҳои наврӯзиро манзури ҳузурдоштагони ҳамоиш намуданд.  Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Мавҷудахон ӯрунова дар мавзӯи «Гулистони Саъдӣ ва масъалаҳои тарбияи фарди солим» ва намояндаи фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд Масъуди Аҳмадбанд баромаду маърӯзаҳо намуданд. Ҳамчунин мактабиёни шаҳр силсилаи назмӣ - адабии «Наврӯзи диёри ман»-ро намоиш доданд.

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳри Гулистон барномаи марғуби консертӣ ва саҳнаи ҳаҷвии «Шоиртарош»-ро манзури тамошобинон намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3578
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3578
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54715
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264227

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?