Матни равон

Наврӯз рӯзи хилқати Инсон аст,

Рӯзи кушудани дари кайҳон аст.

Рӯзи шукуфтани гули Хуршед аст,

Рӯзи таваллуди маҳи Обон аст.

Ҷиҳати ширкат дар тантанаҳои наврӯзии Зарнисор бомдоди барвақти баҳорӣ аз Гулистон озими Зарнисор-шаҳраки  кӯҳшикофону ғанҷоварон шудем. Баъд аз рӯзҳои боронӣ хуршеди оламафрӯз нурҳои хешро арзонӣ дошта, гармӣ мебахшид, табиат, талу теппаҳои бо ҷомаи ба бар кардаи махмалини сабзпӯшашу гулҳои шукуфтаи қоқуву сияҳгӯш ва ғарқи гулгаштаи ниҳолони олуча он қадар зебо метофт, ки дилҳоро тасхир мебахшиду изҳори шукргузорӣ аз ин соҳибватанӣ мекардем.

Чун ба марзи шаҳраки Зарнисор расидем боз манзараи дигари дилфиреб: анбӯҳи арчазорони кӯҳҳо, барфи нуқрагин як сӯ ва ниҳолакони саршори гул дар пойгаҳ моро истиқбол мегирифтанд.

 

Бону Шаҳло Шарифова, раиси Ҷамоати шаҳрак аз имрӯзи баргузории чорабинии наврӯзӣ моро ошно карда, таъкид бар он дошт, ки шукӯҳу шаҳомати таҷлили Наврӯзи оламафрӯз сол аз сол тавсеа ёфта, хотирмон ва бо иштироки хеле зиёди бошандагони шаҳрак ҷараён мегирад. Оғози тантанаҳо соати 12.00 дар яке аз мавзеҳо, ки тамоми табиати гирду атрофи дилфиреб ба чашм мерасиданду танинандозии савту мусиқиву суруд,  сарҷамъии хеле зиёди сокинони Зарнисор исботи гуфтаҳои раиси Ҷамоати шаҳрак буданд. Маврид ба зикр аст, ки бо талошу тараддудҳои кормандони КДБ «Хоҷагии манзилӣ-коммуналии» шаҳрак бо сарварии сардори он ҷавони ташаббускору чашмикордон Асатулло Насриддинов, ки ба хотири истиқболи сазовори ин иди аҷдодӣ корҳои сабзгардониву тозагиву покии кӯчаю роҳгардҳоро анҷом додаанд ба чашм мерасид. Ва тавре худи Асатулло Насриддинов, иброз медорад қадами нахустин дар таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ ин тозагӣ ва сабзгардонист, ки омад-омади Наврӯзро боз хуҷастапай мегардонад.

Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, ки онро ваколатдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сармуҳаррири нашрияи «Соҳил» Рустамҷон Одизода ба ҳозирин расонид ифтитоҳи расмии тантана шуд. Баъдан Шаҳло Шарипова, раиси Ҷамоати шаҳраки Зарнисор ҷамъомадагонро бо Наврӯзи фаррухпай самимона шодбошӣ гуфта, риштаи суханро ба директори генералии «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Ван Ши Бин вогузошт. Мавсуф аз номи Раёсати ширкат тамоми сокинони шаҳрак ва дар симои онон мардуми Тоҷикистонро бо ин иди баҳор, иди зебоиву оғози орзуву ормонҳо, эҳёи табиат табрик гуфта, ба ҳозирин баҳори зиндагӣ, рӯзгори осуда таманно дошт.Табрикоти вакили Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ  Юнус Сабуров низ  аз таманниёти саршор аз меҳру муҳаббат ба мардум буд. Ҳоҷимуҳаммад Зарифов, раиси иттифоқи касабаи «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» низ Иди  Наврӯзро ба кулли кормандони корхона ва дар симои онҳо бошандагони шаҳрак  муборакбодӣ гуфта, чун армуғони наврӯзӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳрак лавозимоти варзиширо тақдим кард.

Дар майдони баргузории таҷлили ҷашни Наврӯз бонувони Зарнисор анвои хуришҳоро, ки хоси пазироии ин иди миллист ва рӯи дастархон гузошта, дигар суннатҳои халқиро ба ҳозирин пешкаш карданд.  Пирони рӯзгордидаву тадбиркори шаҳрак  Фахриддин Машарипов ва Ҷӯрабой Давлатов чун гули сари сабади ҷамъомад ҷиҳати ба файзу баракат омадан ва шодиву нишот овардани Наврӯзи имсола дасти дуо бардоштанд.

Хурду бузурги шаҳрак бо самимияти афзун зери суруду мусиқиҳои баҳорӣ ба рақс омада,  ба ҳамдигар таманнои наврӯзӣ мекарданд.

-Мехоҳам, ки Наврӯзи фаррухпай ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ, аз ҷумла, зарнисориён  бештар шодиву осудагӣ биоварад,- мегӯяд Сербаҳо Қурбонова, мудири клуби «Лола»-и шаҳрак,- ва мулкамон боз ҳам ободу хуррам шавад. Тоҷихон Юсупова, вакили Маҷлиси шаҳрак низ бо шукргузорӣ аз давлату давлатдорӣ ҳарф зада Наврӯзи оламафрӯзро ба мардуми кишвар муборак гуфт.

- Ман соли панҷум аст, ки ҳамроҳи тоҷикон Иди Наврӯзро якҷо  пешвоз мегирем ва ба ман хеле писандида асту сол то сол таҷлили он рангину хотирмон ҷараён мегирад,- мегӯяд  Сюн Юй Тин, тарҷимони «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», - сониян  иди милли мо, ки моҳи феврал дар Хитой истиқбол мешавад ба иди шумо шабоҳат дорад ва онро чун оғози соли нав қайд мекунем. Танҳо Наврӯз бо он фарқ  дорад, ки ба оғози баҳор, мавсими сарсабзии гулу гиёҳҳо, шукуфоии дарахтон рост меояд. Ба мардуми Тоҷикистон зиндагиву рӯзгори доимбаҳорро таманно мекунам.

Тантанаҳои бошукӯҳи иди Наврӯз дар Тоҷикистони азиз, аз ҷумла шаҳри Гулистон бешубҳа, аз файзу баракати соҳибистиқлолӣ буда, аҳли ҷомеаро ба дурнамои мусаффо, шукуфоӣ, сабзу хуррамӣ  ҳидоят мекард.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,

Наврӯзатон фирӯз бод!

 

Наврӯз паёми ҳамбастагист

Наврӯз беҳтарин василаест, ки табиат чеҳраи гулгуни худро рангинтар месозад. Ҷашни баҳор, ҷашни фарвардин, Наврӯзи султонӣ ва Наврӯзи ҷамшедиро, ки бо баҳорҷашну арзишмандтарину куҳантарин ҷашни миллии мардуми тоҷик маъмул аст, бошандагони шаҳраки Чоруқдаррон бо пӯшидани либоси нав, омода кардани шириниҳои гуногун, тозаву озода кардани маҳалли зист, баргузор намудани оинҳои Ҷамшедӣ таҷлил намуданд. Раиси Ҷамоати шаҳрак Мансурҷон Боқиев мардумро ба муносибати фарорасии ин иди бузург, ки чанд сол ба ин сӯй мақоми байналмилалӣ гирифтааст, сидқан табрик гуфт. Таъкид гардид, ки Наврӯз бо рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад. Сардори шуъбаи Агентии суғуртаи ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр Абдусамад Кенҷаев муборакбодии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзодаро ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз ба самъи ҳузурдоштагони ҳамоиши идона расонид.

Тантанаҳои Наврӯзи хуҷастаи байналмилалӣ бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ то дер идома ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3682
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11104
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89491
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7629336

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?