Матни равон

19-уми март дар боғи фарҳангу фароғатии “24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и маркази шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ баргузор гардиданд.

Наврӯзи имсола барои мардуми шарифи шаҳр хотирмону таърихӣ гардид. Зеро дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилал бо ҳидоят ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳр номи Гулистон дода шуд.

Он рӯз шаҳр қабои идона ба бар намудаву рӯҳияи мардумон ҷашниву баҳорона буд. То ҷашни Наврӯз ҳамарӯза ҳашарҳои ободонию сабзкорӣ гузаронида мешуд.

Бозгӯи номи наваш Гулистон бо иқдоми Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода тадбирҳо бо ҳадафи гулзору гул-гулшукуфоӣ роҳандозӣ гардиданд. Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо риояи анъанаҳои миллӣ, русуми аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои поки ин ид таҷлил гардид. Раиси шаҳр ва меҳмонон нахуст бозиҳои миллии варзиширо, ки дастпарварони мактаби варзишии бачагон ва наврасон намоиш доданд дидан намуданд. Дар 13 хайма маҳсули ҳунарҳои дастии халқӣ, таомҳои миллӣ, хони наврӯзӣ бо суманак ва ҳафт сину ҳафт шин рамз гашта, дастархони наврӯзиро зеб ва дилҳои меҳмонону сокинонро тасхир дошт, тамошо карданд. Садои карнай пайки наврӯзӣ мерасонид. Духтарон мерақсиданду гурӯҳи дигар бо шукргузорӣ аз қадамҳои баҳори нозанин дигар оинҳои ҷашнро ба марази тамошо мегузоштанд.

Зимни суханронӣ Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Гулистон аз ҷумла изҳор дошт:

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзу ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад”.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки “Толеи баланди миллати сарбаланди тоҷик аст, ки баҳори биступанҷумини давлатдории мустақил ва ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯзро дар фазои истиқлолияти комил, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати милливу ҳамрайъии сокинони кишвар истиқбол менамоянд”.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Усмон Инъоми Султонзода аз номи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мардуми Гулистоншаҳрро муборакбод карда, дар Наврӯзи хуҷастапай тансиҳатӣ, барори кор ва дастархони пурфайзу бобаракат таманно кард.

Сипас намоиши театрикунонида ва барномаи калони консертӣ бо иштироки санъаткорони маҳбуби вилояту бахши фарҳанги шаҳр пешкаши ҳозирин карда шуд. Дар ҷараёни ҳамоиши идона иштирокчиёни озмунҳои наврӯзӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Базми тарабу шодии наврӯзӣ басо ҷолибу зебо ва хотирмон буд. Наврӯз бо тамоми зебоиҳояш вориди кишвари куҳанбунёди мо мегардад. Чӣ хуш ки:

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

 


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3985
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3985
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55122
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264634

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?