29 Март 2016
Тавре маълум аст, ҳеҷ соҳаи хоҷагии халқи олам наметавонад бидуни саноат рушд намояд. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба ин самт ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба шумор рафта, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши муассир дорад. Яке аз корхонаҳои калонтарини саноатӣ, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо ноил гардидан ба дастоварду нишондиҳандаҳои рӯзафзун шӯҳратёр гардидааст, ин ҶМ ТКММ “Апрелевка” мебошад.
28-уми марти соли равон дар доираи таҷлили чорабиниҳои Наврӯзи ҷаҳонафрӯз 20-умин солгарди таъсисёбии коргоҳ ҷашн гирифта шуд. Қабл аз оғози ҳамоиш Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ва меҳмонон дар даромадгоҳи бинои маъмурии коргоҳ парда аз рӯи лавҳаи рамзии “Маъдани кони “Апрелевка” ба муносибати 20-солагии ҶМ ТКММ “Апрелевка” гузошта шудааст бардоштанд.
Хурду калони шаҳраки Консой ҷониби варзишгоҳ шитоб доштанд. Дар даромадгоҳ ҷомеаҳои меҳнатии беморхона, Маркази саломатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, мактаби мусиқии бачагона, кӯдакистони “Уқобак” ва ҶСК “Равшан” тантанаи баҳориро бо намоиши ҳунарҳои миллӣ, оинҳои наврӯзӣ аз сабзаҳои биҳиштӣ то “ҳафтсин”-у “ҳафтшин” чун рамзи хуррамии рӯзгор ва омили тақвияти ифтихори миллӣ ба марази тамошо гузошта буданд. Ҳамоиши наврӯзӣ ва ҷашни бистсолагии “Апрелевка” бо суханони хушбошӣ ва муборакбодии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ифтитоҳ ёфт.
- ҶМ ТКММ “Апрелевка” тӯли 20 соли фаъолият захираи маданҳои мавҷударо бо коркарду иқтидорҳои иловагӣ, васлкунии таҷҳизотҳои техникаи муосир ва меҳнати фидокоронаи кулли кормандон роҳандозӣ намуда, дар сафи пеши саноатчиёни мамлакат ҷой гирифт, - изҳор дошт Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Гулистон.
Баъдан, муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода муборакбодии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид. Намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои навини Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Каримов ва директори генералии ҶМ ТКММ “Апрелевка” Бахтиёр Маҷидов ба сухан баромада ҳузурдоштагони ҳамоиши идонаро ба ҷашнҳои Наврӯзи Аҷам ва 20-солагии таъсисёбии “Апрелевка” шодбош намуданд.
Бо абёти: Оғӯши пур аз ёсуман,
Хуш омадӣ, Наврӯзӣ ман...
Барномаи рангину ҷолиби ҳунарпешагони “Кохи Рӯдакӣ”-и маркази вилоят – Хуҷандшаҳр оғоз ёфт.
Андалебони шинохта ва ситорагони эстрада Анвар Ахмедов, Гуласал Пӯлотова, Сироҷиддин Худойберганов, Анвар Қосимов, Гулнора Абдуллоева, Ҳасан Камол, Абдуло Холматов, Уктам Мӯъминов, Ҷаҳонгир Холматов, Умеда Хидиралиева, Дамир Олимов, Ғуломҷон Мирдадоев, Шодмон Сулаймонӣ, Олим Воҳидов, Аъзам Болтубоев, Олим Маҳмудов ва гулдухтарони дастаҳои ҳунарии рақсии “Чаманоро” ва “Маҳастӣ” бо суруду тарона, рақсҳои мавзун хотирҳоро болидаю табъҳоро шод гардониданд. Базми тарабу шодии наврӯзӣ басо зебою хушоянд буд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои меҳнати софдилона, хизматҳои шоён дар рушди саноати кишвар якчанд нафар машъалони истеҳсолот бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати саноат ва технологияҳои навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлҳои ҶТ “Тоҷикметалл”ва ҶМ ТКММ “Апрелевка” қадрдонӣ гардиданд.
Яке аз суннатҳои неки наврӯзӣ густариши арзишҳои волои инсонӣ мебошад, ки он фарогири амалҳои хайру савоб, кӯмак ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа аст. Бо пайравӣ ба анъанаи накуи наврӯзӣ он рӯз роҳбарияти корхона дар тӯйхонаи “Ҳидоят”-и шаҳрак хатнасури 7 нафар кӯдакон аз оилаҳои эҳтиёҷмандро доир кард.
Тантанаҳои ҷашнҳои Наврӯзи байналмилал ва 20-солагии таъсисёбии ҶМ ТКММ “Апрелевка” бори дигар собит намуданд, ки мардум ба анъанаҳои ниёгон содиқ буда, аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузоранд.