27 Июн 2023
Имрӯз, 27.06.2023 дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба ифтихори бисту шашумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Нахуст, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази Тоҷикстандарт дар вилоят Ғайбулло Муҳиддинзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокчиён расонид.
Сипас, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштиркчиёни чорабиниро бо фаро расидани бисту шашумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ таъкид намудаанд, “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.
Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи тамоман навро оғоз кард. Ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва ҳукумат дар давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон пеш гирифтанд, маҳз дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшиданд.
Илова ба пайомадҳои вазнини тағйирёбии глобалии иқлим, аз ҷумла камобӣ, хушксолӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи маҳсулоти озуқа дар тамоми, мушкилоти амниятӣ, аз қабили вусъати бесобиқаи таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ имрӯз зиндагии аҳли башарро бисёр ноорому нобасомон ва тоқатфарсо гардонидаанд.
Дар чунин шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи башарӣ, яъне торафт мураккаб гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.
Имрӯз кулли ҷомеа – аз хурд то бузург бояд ба қадри аҳаммияти ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини кишвари азизамон, яъне истиқлолу озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Изҳори итминон карда шуд, ки меҳнаткашони сарбаланди шаҳри Гулистон мисли тамоми тоҷикистониён, барои ободии Ватани азизамон бо азму ирода ва неруи созандаву бунёдкорона дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ садоқатмандона кору пайкор намуда, диёри худро ба минтақаи ободу пешрафта табдил медиҳанд.
Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро ба ин муносибат манзури иштирокчиён намуданд.