Матни равон

20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ба истифода додани корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки бинокории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тиглат, дар ҳамин ҷо як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва 1 сардхонаро дар шаҳри Гулистон тариқи фосилавӣ ифтитоҳ карданд.

Бинои Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Гулистон баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур бо 116 ҳуҷраи хизматрасониву ёрирасон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҷдид шуда, бо шароити хуби кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ пешкаш гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  дар назар доштани воридоти дастгоҳҳои муосири соҳавӣ ба муассиса, ба масъулони Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Гулистон дастур доданд, ки истифодаи таҷҳизоти навро дуруст ба роҳ монда, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолиро боз ҳам баланд бардоранд.

Иншооти дигаре, ки ба ҳамин тариқ мавриди истифода қарор дода шуд, ин корхонаи истеҳсоли газоблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Орзуи аъло дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон буд.

Иқтидори корхона истеҳсоли 2000 дона газоблок дар як бастро ташкил дода, он ба пешвози шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Қаҳрамон Ҳамроқулов бунёд гардидааст. Дар корхона дар ду баст то 30 шаҳрванд бо кор таъмин мегарданд.

Тариқи фосилавӣ дар шаҳри Гулистон, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин корхонаи замонавии парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Истиқлоли Гулистон ифтитоҳ ёфт.

Корхона дорои имконияти парвариши 30 ҳазор сар мурғ буда, иқтидори истеҳсолии он 400 тонна гӯшти мурғ дар як солро ташкил медиҳад. Барои фаъолияти устувору муназзами ин корхона 12 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар корхона ду бинои асосӣ барои нигоҳубин ва парвариши паранда бунёд гардидааст, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар ҳар бино 15 ҳазор сар чӯҷа парвариш меёбад.

Ҳамчунин, дар ин рӯз Роҳбари давлат дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Товус сардхонаи ҳозиразамонро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд. Иншооти нав дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръат бунёд гардида, барои таъмини маҳсулоти ғизоӣ ва кам кардани талафоти маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои фарох фароҳам меорад. Иншооти нав  дорои иқтидори нигоҳдории 400 тонна маҳсулоти гӯштӣ ва 600 тонна меваю сабзавот буда, бо таҷҳизоти муосири нигоҳдории дарозмуддат муҷаҳҳаз шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдомҳои созандагӣ дар шаҳри Гулистон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки соҳибкорони маҳаллӣ бобати истифодаи зарфиятҳои истеҳсолӣ бояд талоши бештар ба харҷ диҳанд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1419
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3057
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9575
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16517
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44219
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:72018
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9095470

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?