17 Ноябр 2025
Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи дуюм оид ба футбол дар минтақаи Суғд ба анҷом расид.
Санаи 16.11.2025 Клуби футболи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон бозии охирини Лигаро муқобили Клуби футболи “Ашт”-и ноҳияи Ашт дар сафар баргузор намуда, дар бозии ҳалкунандаи мавсим барои қаҳрамонӣ бо ҳисоби бузурги 6-1 пирӯзӣ ба даст оварда, қаҳрамони Лигаи дуюми минтақаи Суғд гардид.
Дар мавсими ҷорӣ дар 22 бозии баргузоргардида дастаи Гулистон 18 ғалаба ба даст оварда, дар 3 дидор мувоҷеҳи шикаст шуда, 1 бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар маҷмуъ соҳиби 55 имтиёз гардид. Дар ҷараёни рақобатҳо бозигарони даста ба дарвозаи рақибон 82 маротиба тубро равона намуда, аз дохили дарвозаи худ 20 туб гирифтаанд, ки аз ҷиҳати шумораи бештари голҳо дар ҷадвали мусобиқот дар зинаи дуюм ва аз лиҳози гирифтани ками тубҳо аз дохили дарвоза дар зинаи аввал қарор дорад.
Барои қаҳрамонӣ то бозии ниҳоӣ дастаҳои беҳтарин ба мисли “Гулистон”-и шаҳри Гулистон, “Спитамен”-и ноҳияи Спитамен, “Тоҷ”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ғулакандоз”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов талош намуданд ва чемпионат бо талошҳои дастаҳои пешсаф ҷолибу диданӣ сурат гирифт.
Дар натиҷа дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон соҳиби 55 имтиёз – ҷойи аввал, “Спитамен”-и ноҳияи Спитамен 51 имтиёз – ҷойи дуюм, “Тоҷ”-и шаҳри Хуҷанд 51 имтиёз – ҷойи сеюм, “Ғулакандоз”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов 50 имтиёз - ҷойи чорум гардиданд (дасатаҳои “Спитамен” ва “Тоҷ” бо назардошти бозиҳои баниҳамдигарӣ бо имтиёзҳои баробар зинаҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд).
Дастаҳи зинаи якум ва дуюми мусобиқот яъне “Гулистон” ва “Спитамен” барои роҳхат ба Лигаи якуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар бозиҳои гузаришӣ кӣ дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе миёни 8 даста баргузор мегарданд иштирок менамоянд. Аз миёни 8 даста, 3-тои он Лигаи якум роҳ меёбад.
Дар муваффақияти Клуби футболи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон саҳми директори Федератсияи футболи шаҳри Гулистон, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода хеле назаррас мебошад. Бо супориш ва дастгириҳои хосаи Раиси шаҳр дар назди ҳайати даста ва сармураббӣ ҳадаф гузошта шудааст, ки даста ба Лигаи якум роҳ ёбад. Дар заминаи ин муваффақиятҳо ва ҳадафҳо бо қарори Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода МД КФ “Гулистон” таъсис дода шуд, ки барои идомаи муваффақонаи даста мусоидати комил хоҳад намуд.
Ҳамчунин, саҳми сармураббӣ Фарух Ниёзов ва ҳар як бозигари даста барои муваффақият ва ба даст овардани натиҷаҳо назаррас мебошад. Аз ҷумла сарвони даста Музаффар Бобоҷонов, ҳамлагари асосии даста Дилшод Бозоров бо задани 26 туб ба дарвозаи ҳарифон, Салоҳ Одиназода ҳамлагар, Насим Расулов, Акмал Пулотов нимҳоятгарон, Мадаминов Ғафур ва Машҳур ҳимоятгарони марказӣ, дарвозабонон ва дигарон. Яъне саҳми ҳамаи бозигарон назаррас мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳайати КФ “Гулистон”-и шаҳрро барои ғолибият дар мавсими 2025 дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи дуюм оид ба футбол дар минтақаи Суғд самимона муборак бод гуфта, дар бозиҳои гузаришӣ барои роҳ ёфтан ба Лигаи якуми чемпионати кишвар оид ба футбол муваффақият таманно менамояд.
ҚАҲРАМОНӢ МУБОРАК БОД!!!





















